Дар Душанбе Намоишгоҳи миллии молу маҳсулоти Эрон оғоз шуд

Аз 26 то 29 декабр дар маҷмааи «Манеж»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи миллии молу маҳсулоти Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад. Дар ин намоишгоҳ беш аз 50 ширкати эронӣ иштирок мекунанд.

Бино ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ муаррифии дастовардҳои илмию фаннӣ, маҳсулоти беш аз 50 ширкати эронӣ дар бахшҳои энергетика, сохтмон, саноати сабук, кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, дорусозӣ ва дигар самтҳо мебошад.

“Соҳибкорони Тоҷикистон, ки ин намоишгоҳро тамошо менамоянд, имкони пайдо намудани шарикони нави тиҷоратиро бо намояндагони ширкатҳои эронӣ ба даст меоранд. Ҳамзамон сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд аз истеҳсолкунандагони эронӣ молу маҳсулотро бо нархи дастрас харидорӣ намоянд”,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Намоишгоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардида, ба густариши робитаи тиҷоративу иқтисодӣ ва афзоиши гардиши мол байни ду давлат кумак менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *