Кӯшониён: Маҳмадтоир Зокирзода бо истифодаи самараноки замин шинос шуд

Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон бо истифодаи самараноки замин дар ноҳияи Кӯшониён шинос шуданд.

Онҳо аввал ба деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Меҳнатобод рафта, аз истифодаи оқилонаи замини наздиҳавлигӣ ва захираи маводи ғизоии шаҳрванд Маҳмадулло Давлатов дидан намуданд. Замини наздиҳавлигии ин шаҳрванд 0,15 гектарро ташкил мекунад, ки самаранок истифода мешавад. Ҳамчунин, ин оила дар 300 зарф афшура ва дар ҷойҳои махсус ба қадри кофӣ маҳсулоти кишоварзӣ захира кардаанд.

Ҳамчунин, меҳмонон бо истифодаи замин дар Кооперативи тиҷоратии Имоми Аъзами ҷамоати деҳоти Навбаҳор шинос шуданд. Ин кооператив андаке бештар аз 16 гектар замин дошта, асосан маҳсулоти барвақтиро парвариш мекунанд. Бояд гуфт, ки дар Кооперативи тиҷоратии Имом Аъзам дар майдони бештар аз як гектар гармхонаи доимоамалкунанда ташкил карда шуда, 20 нафар бо корӣ доимӣ таъминанд. Вале бо фаро расидани корҳои мавсимӣ шумораи кормандон то ба 50 нафар афзоиш меёбад.

Сафари Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Хатлон, яке аз минтақаҳои асосии истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар дар ҳолест, ки Роҳбари давлат ба истифодаи боз ҳам самараноку оқилонаи замин дастур додаанд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *