Кӯшониён: Роҳҳои мошингард таъмир мешаванд

Дар ҳафт моҳи соли равон барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ аз буҷети ноҳияи Кӯшониён 200 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки то охири сол ихтисоси боз 200 ҳазор сомонии дигар дар нақша аст.

Ҷовид Ҳакимзода, сардори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки дар баробари таъмири роҳҳо аз ҳисоби буҷет саҳми соҳибкорон ҳам дар беҳтар кардани ҳолати роҳҳо кам нест. Ӯ мегӯяд, ки саҳми соҳибкорон сол то сол бештар мешавад.

“Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Заргар, Меҳнатобод, Бӯстонқалъа ва Бохтариён соҳибкорон дар беҳтар кардани роҳҳои маҳаллӣ саҳми муносиб мегузоранд. Дар аввали ҳамин ҳафта дар деҳаи Ғуломсаид Холови ҷамоати деҳоти Заргар бо ташаббуси сокинон ва муҳоҷирони меҳнатӣ 3 километр роҳ пурра мумфарш карда шуд. Роҳбарияти ноҳия ин иқдоми хубро намунаи ибрати дигарон гуфта, сокинонро ба бештар кардани корҳои ободонӣ ҷалб намуд”,- афзуд номбурда.

Ҷовид Ҳакимзода мегӯяд: “Дар мувозинати мо беш аз 178 километр роҳҳои маҳаллӣ аст, ки беш аз 150 километри он таъмири ҷорӣ карда шудааст. Барои нигаҳдории роҳҳои ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби Вазорати нақлиёти мамлакат зиёда аз 130 ҳазор сомонӣ гирифтаем”.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *