Кӣ ба Тоҷикистон аз ҳама бештар кумак мерасонад?
Соли ҷорӣ ба Тоҷикистон аз 54 кишвари ҷаҳон кумак расидааст, ки маблағи тӯли 8 моҳ фиристодаи онҳо наздики 30 млн. долларро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Агентиии омор, аз ҳисоби ин кумак ба Тоҷикистон бо вазни умумии наздики 20 ҳазор тонна орду равғани растанӣ, воситаҳо ва дорувории тиббӣ, ҳамчунин дигар маҳсулот ворид гардид.
Аз рӯи вазни қиёсӣ кишвари нисбатан бузургтарини мададрасон ба Тоҷикистон Русия дониста мешавад, ки 18,7 фоиз аз ҳаҷми умумии кумак ба ин кишвар рост меояд.
Дар идома Чин (13,4%), Фаронса (9,3%), Ҳиндустон (8,6%), Туркия (8,3%), Швейтсария (8%), Қазоқистон (7,5%), ИМА (4,1%), Белгия (3,9%), Олмон (3,5%), Дания (2,1%), Чехия (1,9%), Беларус (1,7%), Полша (1,5%), Нидерланд ва Ҷумҳурии Корея (1,4%-ӣ), Финландия ва Исроил (0,8%-ӣ), Ҷопон (0,6%), Таиланд (0,5%), Латвия (0,4%) ва дигар давлатҳо ҷойгир шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ