Ба хонандагони мактаб китоби дарсӣ намерасад

То кунун дар шаҳри Левакант 20 фоизи хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба китобҳои дарсӣ ниёз доранд.

Ба иттилои мудири шуъбаи маорифи шаҳр Тоҷиддин Тоиров, шумораи муассисаҳои таълимӣ дар шаҳр 15 адад буда, 80 фоизи хонандагони ин муассисаҳо ба китобҳои дарсӣ таъминанду халос.

Ба суоли он, ки китобҳои дарсӣ дар чӣ гуна вазъият қарор доранд, мудири шуъбаи маориф гуфт, ки ҳолати китобҳои дарсиро китобхоначии шуъбаи маориф назорат мекунад ва дар шӯроҳои омӯзгорӣ ширкат варзида, бобати тозагӣ ва гиромидошти ин ганҷинаи бебаҳо машваратҳои судманд медиҳад. Баҳри исботи гуфтаҳои боло аз литсейи рақами 2-и шаҳр дидан кардем, ҳолати китобҳо хуб буд, вале дар ин муассиса китобхона вуҷуд надошт. Ба гуфти директори литсей ягона камбудии онҳо ин надоштани утоқ ва толори китбхонӣ мебошад. Ин боис шуда, ки ҳамасола хонандагон ҳангоми ҷамъбасти соли хониш китобҳоро аз даст ба даст иваз карда, таҳсилро идома медиҳанд.

Қобили тазакур аст, ки имрӯз дар 15 муассисаи таълимии шаҳри Левакант 20 фоиз китобҳои дарсӣ намерасаду баъзе муассисаҳои типи нав бошад аз норасоии утоқу толорҳои китобхонӣ танқисӣ дорад, пас дар он шаҳру ноҳияҳое, ки шумораи муассисаҳои таълимиашон аз 50 адад ҳам зиёданд, вазъи таъмини хонандагон ба китобҳои дарсӣ ва толорҳои хониш дар кадом сатҳ қарор дошта бошад?

                           Ба 17 хонанда 1 компютер

Таъмин ва дастрасии хонандагон бо компютерҳои воқеан коршоям аз масъалаҳои дираре буд, ки аз мудири шуъбаи маорифи шаҳри Левакант пурсон шудем. Тибқи иттилои дастрасшуда, имрӯз хонандагони шаҳр ба компютер дастрасии хуб доранд.  Ба ҳар 17 хонанда дастрасӣ ба як компютер рост омада, муассисаҳои таълимии шаҳр аз лиҳози таъминоти омӯзгорони соҳибтаҷрибаи фанни технологияи информатсионӣ танқисӣ надоранд, мегӯяд Тоҷиддин Тоиров.

                                                  Ҷомӣ Халифаев

                                               вилояти Хатлон       

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *