Кӯчаи Сӯҳроб Шарифов дар пойтахт

19 январи соли равон дар шаҳри Душанбе маросими тағйири номи кӯчаи Степан Шаумяни ноҳияи Шоҳмансур ба номи Сӯҳроб Шарифов баргузор шуд.
Тавре манбаъ аз шаҳрдории пойтахти кишвар ба ҳафтаномаи «Тоҷикистон» иттилоъ дод, бо қарори маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе кӯчаи мазкур аз ҳамин рӯз сар карда, номи маҳрум Сӯҳроб Шарифовро мегирад.
Дар ин маросими хотирмон Сайфулло Сафаров, муовини директори Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ, шоир Назри Яздон, олим ва шоир Кароматулло Олимов, кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ лар шаҳри Душабе ва аҳли хонаводаи марҳум иштирок доштанд.
Сухангӯён Сӯҳроб Шарифов, вакили парлумони Тоҷикистон ва раҳбари пешини Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор ва сиёсатмадори маъруфро бо некӣ ёд карда, мухтасар саҳми ӯро дар хештаншиносию худогоҳии миллӣ таъкид карданд. Зикр шуд, ки номи С. Шарифов ҳамчун арбоби сиёсию давлатӣ барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ошно мебошад. Мардум ҳамеша дар симои С. Шарифов рамзи инсони хақиқатҷӯй, донишманду бахирад ва олими пухтакорро мебинанд. Мавсуф ду сол пеш бар асари сактаи дил даргузашта буд.
Вобаста ба маросими тағийри номи кӯчаи номбаршуда лавҳаи хотиравии Сӯҳроб Шарифов кушода шуд.
Э. НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *