Рамазон Раҳимзода: «Милитсия 37 фоиз не, 55 фоиз гунаҳгор аст»

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотии ин ниҳоди ҳифзи ҳуқуқ, ки 20 январ барпо шуд, дар бораи фаъолияти яксолаи мақомоти милитсия гузориши пурмуҳтаво дода, аз ҷумла гуфт:
— Соли 2016 дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалиёти махсус 34 гурӯҳи муташаккил дар ҳайати 169 нафар муайян ва дастгир карда шуданд. Инҷунин, 36 амали террористӣ пешгирӣ шуда, дар пайи талошҳои тахрибкоронаи террористон 50 нафарро боздошт карданд. Ин гурӯҳҳо қасд доштанд алайҳи шахсиятҳои алоҳида бо роҳи террористӣ сӯиқасд ташкил намоянд.
Вазир ҳамзамон гуфт, гурӯҳҳое, ки мехостанд дар хоки Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, аксаран шаҳрвандони Тоҷикистон ва аъзои гурӯҳи «Давлати исломӣ» буданд.
Ба саволи хабарнигори «Тоҷикистон», ки як назарсанҷии ҳафтанома ва сомонаи Тоҷикистонтаймс вобаста ба маҳаллаҷанги шаби 2 январи соли равон дар Душанбе сабабгори сарзании ин ҳолати нангинро 37 фоиз ба саҳланкории милитсия ва 53 фоиз бо айби волидон муайян кардааст, Раҳимзода чунин посух дод:
— Милитсия 37 фоиз не, 55 фоиз гунаҳгор аст! Ман инро дина дар ҷаласаи машваратии Вазорати корҳои дохила таъкид намудам. Доир ба саҳланкорони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ва вазорат нисбати ҷоннок кардани кор бо ноболиғон чораҳо андешидем.
Э. НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *