ИМА:Кӯдак дар мошинаи ҷомашӯӣ
Дар шаҳраки амрикоии Гаррет, иёлоти Индиана писарбачаи 14 –солаеро дастгир намуданд, ки бо кӯдакбонӣ музд ба даст меовард. Сабаби ба ҳабс гирифтани наврас хабари таҳлукаоваре гашт, ки ин кӯдакбони бераҳм тифлакеро, ки мебоист то омадани волидонаш нигоҳубин намояд, ба даруни мошини ҷомашӯйӣ андохта, мошинаро дар реҷаи либосхушккунӣ гузоштааст. Хушбахтона кӯдак зинда монда, ӯро бо сару рӯйи кабуду хунбаста дар беморхона бистарӣ намуданд. Пештар ин кӯдакбон аз уҳдаи кораш хеле хуб мебаромадааст, вале бо дӯстонаш май нӯшидаву нашъа кашида, ба чунин амал даст задааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ