Бефаъолиятии  50 ширкат дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ

Умед Давлатзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 2 августи соли равон ба намояндагони ВАО-и кишвар бинобар барояшон қаблан пешниҳод шудани маълумотномаи матбуотӣ дар бораи фаъолияти Вазорати  рушди иқтисод ва савдо дар нимсолаи якуми соли равон таклиф намуд, ки барои нагирифтани вақти пурқимати ҳозирин якбора ба саволу ҷавоб гузарем, беҳтар аст.

Ҳамин тавр, тӯли беш аз 1 соат рӯзноманигорон саволҳо доданду Умед Давлатзода ва дигар масълуони соҳа ҷавобҳои мушаххас. Масалан, ба пурсиши хабарнигори ҳафтаномаи Тоҷикистон «бо кадом сабабҳо аз 66 ширкати ватанию хориҷии ба қайдгирифташуда, ки мебоистанд дар минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» ба фаъолият шурӯъ мекарданд, танҳо 16-тоаш  фаъолият доранд?», посух дод: «Аз ин  50 ширкати ватанию хориҷии ба қайдгирифташуда 27 субъекташ  ҳуқуқи интихоб кардани МОИ-ро доранд, ширкатҳои боқимонда ба корҳои сохтмонӣ ва ворид намудани таҷҳизот  машғуланд ё дар ҷустуҷӯйи сармоягузор ҳастанд. Аз 16 ширкати фаъолиятдошта 13 субъекташ дар МОИ «Суғд» ва 3 ширкат дар МОИ «Данғара» фаъолияти воридотию содиротиро ба роҳ мондаанд».

У. Давлатзода зимни посухҳояш инчунин дар бораи вазъи содироти алюминийи аввалия дар нимсолаи якуми соли равон (73,5 ҳазор тонна ба маблағи 113,4 млн доллар), нахи пахта, хушкмева, воридоти гандум 466,0 ҳазор тонна ба арзиши умумии 106,7 млн доллари ИМА иттилоъ дод.

Э. НАЗАРОВ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *