Кӯдаки 6 сола додарчаашро дар гаҳвора оташ зад
Дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон кӯдаки 6-сола гаҳвораеро оташ зад, ки дохили он додари 2-моҳааш хоб буд.
Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон хабар медиҳанд.
Хабар дода мешавад, ки волидон кӯдаконро беназорат гузоштаанд ва кӯдаки 6-сола оташбозӣ карда, дар натиҷа гаҳвораҳо оташ задааст.
Дар ниҳоят оташ хомӯш ва кӯдакон дар бемористон бистарӣ шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ