Эҳтимол имрӯз борон меборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда,    боридани борон ва  барф     дар назар аст.   Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, шабона боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -0-5, рӯзона  +5+10  ва дар шарқи ин вилоят шабона -10-15   ва рӯзона -4+1 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрнок    шуда,    дар ноҳияҳои кӯҳӣ   боридани борон ва барф   дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9  метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2  ва рӯзона  3+8   дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ    боридани борони кӯтоҳмуддат  ва фаромадани туман  дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона +10+15   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  борон меборад. Дар баландии 2500 м барф борида, туман мефарояд.  Ҳарорат шабона ба 3+8  ва рӯзона  ба  9+14  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво  шабона +3+5  ва рӯзона +11+13  дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *