Кӯли Сарез бехатартар мешавад?

Генерал Рустам Шоҳиён, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон мегӯяд, табиат садди кӯли Сарезро чунон сохтааст, ки ҳангоми ҷунбиши замин он мустаҳкамтар мешавад. 

Ӯ ин нуктаро имрӯз, 19-уми январ зимни нишасти хабарӣ таъкид карда, афзуд, ки ҳатто заминларзаи нуҳбала низ таъсир намекунад.
Шоҳиён шарҳ дод, садди неругоҳ Норак низ монанд ба Сарез бунёд шудааст ва дар оянда садди Роғун ҳам ба ҳамин шева сохта мешавад, ки ҳангоми заминларза мустаҳкамтар мешавад.
Манбаъ афзуд, дар кумита як бахше барои назорати ин кул фаъолият мебарад ва дар наздикии кул низ масъулин шабонарӯзӣ навбаттдорӣ мекунанд: “Ҳамчунин таҷҳизоти муосир дар кӯл насб шудааст, ки ҳамасоата ба марказ оид ба баланду пастшавии об ва миқдори хориҷшавии он маълумот мефиристад”.
Кӯли Сарез дар пайи як заминларзаи шадид дар шаби 18 феврали соли 1911 пайдо шуд. Куҳпора роҳи рӯди Мурғобро банд кард ва деҳаи Усой зери хоку санг монд. Дарозии ин кӯл 62 км, паҳнояш 3,3 км ва чуқуриаш то 500 метр аст. Ҳаҷми оби он 17 миллиард метри мукааб буда, вазнаш ба ҳисоби миёна ба 19 миллион тонна мерасад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *