«Набзи “Тоҷикматлубот” ба кӣ халал расонд?

Ба ростӣ, чунин вазъияти муташанниҷро дар таърихи нишастҳои матбуотии кишвар дар ёд надорем.
Нисфирӯзии 19 январ чун ҳарвақта толори конфронси «Тоҷикматлубот» пур аз рӯзноманигорон буд, ки баъзеашон расо якуним соат рост истода, гузориши Ҳасан Идиев, раиси раёсати Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ва баҳси сармуҳаррири нашрияҳои ин ниҳод-“Набзи Тоҷикматлубот” ва “Файзи истиқлол” Ҳабибулло Ёровро шоҳид шуданд.
Рӯзноманигорон пешниҳод карданд, ки бо дастрасии пресс-релизи «Тоҷикматлубот» шарт нест, ки раис боз гузориш диҳад бинобар ин беҳтар аст, ки якбора ба саволу ҷавоб гузаранд. Аммо Ҳ. Идиев гуфт, ки гузориши мухтасарро аз фаъолияти «Тоҷикматлубот» манзур менамояд.
Чун гузориш ба итмом расид, аввалин саволе аз рӯзноманигорон садо дод, доир ба иқдоми аз ҷониби раис Ҳ. Идиев баста шудани нашрияҳои «Набзи «Тоҷикматлубот” ва “Файзи истиқлол” буд. Ҳ. Идиев далели басташавии нашрияҳоро набудани талабот ба онҳо арзёбӣ кард: “Таҷриба нишон дод, ки маводи ин нашрияҳо ба талаботи кормандони “Тоҷикматлубот” ҷавобгӯ нест. Тасмим гирифтем, таблиғи сиёсатро дар ин соҳа ба таври муосир тариқи сомонаи интернетӣ ба роҳ монем”.

Далели раис, ки маводи нашрияҳои басташуда ба талабот ҷавобгӯ набуд, норозигии Ҳабибулло Ёров, сармуҳаррири ин ду расонаро ба вуҷуд овард. Ӯ дар хитоб ба раис изҳор дошт, ки мушкил на дар мавод, балки дар он аст, ки моликияти соҳа аз даст рафт: “Сабаби қатъ шудан дар ин нест, ки талабот надорад. Моликияти ин соҳаро аз даст додед, бозорҳо фурӯхта шуданд, коргар кам шуд ва ба ҳамин восита талабот кам шуд. Ин маънои онро надорад, ки мавод ба талабот ҷавобгӯй набуд”.

Дар посух Идиев гуфт, изҳор дошт, ки “ман дар доираи ваколати худам барои басташавии инҳо қарор баровардам. Агар тавонед, ки ин нашрияҳо бозоргир шаванд, ман зид нестам”.

Кормандони нашрияҳои басташуда бошад, аз раис маошашонро талаб карданд, ки ба гуфтаи онҳо давоми 5 моҳи охир пардохт нашудааст.
Рӯзноманигорон ба раиси «Тоҷикматлубот» пешниҳод карданд, ки аз бастани нашрияҳои номбурда худдорӣ намояд. Зеро танҳо онҳо метавонанд пурра сиёсати рушди соҳаро тарғибу ташвиқ намоянд, ки ин ҷавобгӯ ба дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мебошад. «Бастани нашрияҳо кори осон аст, вале номнавису аз нав бақайдгирии онҳо кори мушкил аст»,- таъкид карданд рӯзноманигорон.
Чунин вазъият дар ҳолест, ки солҳои охир ба талаботи замон ҷавобгӯ набудани саҳми «Тоҷикматлубот» дар сабади истеъмолии шаҳрвандон ва умуман зарурати худи ниҳоди мазкур борҳо мавриди баҳсу муҳокимаҳои коршиносон қарор грифтааст.
Э. НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *