Кӯпруки кӯҳнаи шаҳри Хуҷанд таъмир мешавад
Лоиҳаи таъмири кӯпруки кӯҳнаи Хуҷанд омода шудааст, ки тасмим меравад корҳои сохтмонии он дар соли 2017 оғоз гардад. Таъмири кӯпрук аз рӯи тендер сурат мегирад ва бино ба гуфти масъулини идораи роҳсозии шаҳри Хуҷанд барои анҷоми корҳои сохтмонӣ 8 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маблағ зарур аст.
Ин кӯпрук 54 сол муқаддам дар замони ҳукумати шӯравӣ сохта шудааст. Дар солҳои 90-ум низ тасмими таъмирӣ кӯпруки кӯҳна дар шаҳри Хуҷанд рӯи даст гирифта шуда буд.
Аммо бинобар пайдо нагардидани маблағ корҳои таъмиру таҷдид он солҳо иҷро нагардид. Акнун тасмим ҳаст ин кӯпруки дарозиаш 620 метра ва паҳноияш 12 метра дар соли ҷорӣ таъмир шавад. Аз рӯи лоиҳа паҳноии кӯпрук аз 12 метр буда, то ба 14 метр васеъ карда мешавад.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ