Чаро Марҷонаҳои тоҷик Вангҳои чиниро интихоб мекунанд?

 Дар ду соли охир 152 сокини вилояти Суғди Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ ақди никоҳ бастаанд. Дар солҳои охир мавридҳои издивоҷи сокинони Тоҷикистон бо шаҳрвандони Чин ва Эрону кишварҳои Араб бештар шудааст.

Шабакаи телевизионии СМ-1-и Хуҷанд дар гузорише аз ҷаласаи ҷамъбастии идораи ақди никоҳ ва сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ (собиқ ЗАГС)-и вилояти Суғд бо такя ба омори расмӣ хабар дод, ки дар 9 моҳи аввали соли 2016 дар шӯъбаҳои ақди никоҳи ин вилоят 52 сокини Суғд ақди никоҳашон бо шаҳрвандони хориҷиро ба расмият даровардаанд.Дар айни давраи соли 2015 дар шимоли Тоҷикистон 93 мавриди издивоҷи сокинони маҳаллӣ бо хориҷиҳо сабти ном шуда, ҷамъи он сокинони вилояти Суғд, ки дар тӯли ду соли 2015-2016 бо шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ зиндагии муштарак сохтаанд, ба 152 нафар мерасад.Намояндаи додситонии Суғд Фирдавс Ҳусейнзода дар ин ҷаласа аз бекор шудани ақди никоҳи 5 сокини Суғд бо хориҷиён хабар дод ва гуфт, сабаби ин асосан вуҷуди ғалат дар пур кардани ҳуҷҷатҳо ва риоя нашудани муқаррароти Кодекси оила ва никоҳи Тоҷикистон будааст.Тоҷикистон дар соли 2011 ба Кодекси оила ва нигоҳ як силсила тағйирот ворид кард, ки дар роҳи ақди никоҳи шаҳрвандонаш бо шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ бархе мониаҳо эҷод мекунад. Аз ҷумла бар асоси ин тағйирот, шаҳрванди хориҷие, ки мехоҳад бо шаҳрванди Тоҷикистон издивоҷ кунад, бояд ҳадди ақал як сол дар қаламрави Тоҷикистон зиндагӣ карда бошад. Ҳамин тавр, аз хориҷиҳо талаб мешавад, ки қабл аз ақди никоҳ бо ҳамсари ояндаи худ қарордод имзо кунад ва ба ҳамсараш манзили истиқоматӣ бихарад.Азбаски шаҳрвандони хориҷӣ танҳо баъди 5 соли зиндагӣ дар Тоҷикистон ҳаққи харидани манзил дар ин кишварро ба даст меоранд, тақозои ахир ба ин маъност, ки шаҳрванди хориҷӣ маҷбур аст, ин манзилро ба номи ҳамсари тоҷикаш сабт кунад.Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, талаботи изофӣ аз хориҷиён ба ҳангоми издивоҷ бо шаҳрванди тоҷик замини ҳуқуқиро барои ҳимоят аз манфиатҳои қонуниву иҷтимоии шаҳрвандони Тоҷикистонро фароҳам овард ва намегузорад, ки дар сурати пош хӯрдани чунин оилаҳо ҳамсари тоҷики шаҳрванди хориҷӣ дар кӯча бимонад.Бино ба омори расмии Кумитаи зан ва оилаи Тоҷикистон, дар тӯли соли 2015 дар ин кишвар 179 мавриди ақди никоҳи шаҳрвандони тоҷик бо хориҷиён сабт шудааст.Шаҳрвандони Тоҷикистон аз байни хориҷиён бештар бо сокинони Узбекистону Қирғизистон ақди никоҳ мебанданд, ки ин асосан ба ҳифзи равобити байни хешу табори баъди баланд шудани деворҳои марзӣ аз ҳам дурафтодаро ба ҳадаф дорад.

Аммо агар аз байни шаҳрвандони кишварҳои дигар дар гузашта дар амри издивоҷ бо шаҳрвандони Тоҷикистон бештар атбои Афғонистону Эрон пешдастӣ доштанд, ки бо ин роҳ мехостанд шароити будубоши худро дар Тоҷикистон осонтар кунанд, дар солҳои охир дар бораи мавридҳои афзояндаи издивоҷи шаҳрвандони тоҷик, бахусус занону духтарони тоҷик бо шаҳрвандони давлатҳои арабӣ ва атбои Чин гузоришҳо ба даст мерасанд.Бино ба ҳисобҳо, ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 4 000 аз шаҳрвандони Чин дар соҳоти гуногун – сар карда аз бозору сохтмони роҳҳо то корхонаҳои муштараки ду кишвар – кору зиндагӣ мекунанд.Ахиран дар матбуоти Чин гузорише бо аксҳо дар бораи зиндагии оилавии Марҷона, як духтари 24-сола аз Тоҷикистон бо Ванг ном коргари як сохтмон аз Чин ба нашр расид.Ванг бо Марҷона ҳангоми зиндагӣ ва кораш дар яке аз сохтмонҳои Тоҷикистон шинос шуда, издивоҷ кард ва соҳиби фарзанд шу. Ванг баъди анҷоми маъмурияташ дар Тоҷикистон Марҷонаро бо худ ба шаҳри Шансии Чин бурдааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *