Кабирӣ ва ҳизбаш дар руихати сиёҳи СҲШ

Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Шанхай гуфт, беш аз 100 созмони террористиву ҷудоихоҳ ва ифротгаро, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикиктонро ба феҳристи созмонҳои ифротиву террористӣ шомил кардааст.

Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СМЗТ) рӯзи 28 июл бо нашри як изҳорот гуфт, беш аз 100 созмон, бо шумули ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар феҳристи созмонҳои террористиву экстремистӣ шомил кардааст. Ин марказ, ки дафтари асосиаш дар Тошканд аст, ҳамчунин гуфтааст, ки беш аз 3000 нафареро, ки аз ҷониби кишварҳои узви Созмони Шанхай бо иттиҳоми даст доштан дар фаъолиятҳои ифротиву ҷудоихоҳӣ ва террористӣ таъқиб мешаванд, ба Рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷӯи ба терроризм алоқаманд ворид кардааст.

Дар изҳороте, ки дар сомонаи расмии Маркази минтақавии зиддитеррор нашр шудааст, аз ҷумла гуфта мешавад: «Дар Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай низ тибқи қарорҳои СМЗТ СҲШ Рӯйхати ягонаи беш аз 3000 нафар шахсоне, ки бо ҷурми содир кардан ё муттаҳамӣ дар содир кардани ҷиноятҳои дорои характери террористию ҷудоихоҳӣ ва экстремистӣ аз ҷониби хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои узви СҲШ дар ковкукови байналмилалӣ қарор доранд (минбаъд – Рӯйхат), ва Феҳристи беш аз 100 ташкилоти террористию ҷудоихоҳ ва экстремистӣ, аз ҷумла «Давлати Исломӣ», «Ҷабҳат ан-Нусра», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳизб-ут-Таҳрир ал Исломӣ», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» , «Ансоруллоҳ» ва ғайра (минбаъд – Феҳрист) тасдиқ шудаанд ва амал мекунанд.”

Сохтори зиддитеррори Созмони Шанхай мегӯяд, ин рӯйхат ва феҳрист дар асоси маълумот ва қарорҳои мақомоти додгоҳии кишварҳои узви созмон пайваста нав карда мешавад. Ин ниҳод таҳияи рӯйхат ва феҳристи афрод ва созмонҳои ифротиро дар амри мубориза бо терроризму тундгароӣ ва ҷудоиталабӣ муҳим номида, мегӯяд: «Терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, аз ҷумла навъи динӣ ва дигар зуҳуроти онҳо, имрӯз ба тамоми кишварҳои олам ва умуман тамаддуни инсонӣ хатари ягонаи доимафзоянда доранд. Равнақ гирифтани фаъолияти ташкилотҳои террористӣ, ки дорои характери трансмиллӣ мебошад, муттаҳидсозии кӯшишу талоши ҷомеаи ҷаҳониро оид ба коркард ва татбиқи амалии тадбирҳои ҷавобӣ ҷиҳати таъмини амният ва субот дар сатҳи ҳар як кишвар ва умуман минтақа тақозо менамояд.”

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *