Мавҷи Зарафшон ҷиноятро пинҳон накард

Мақомоти милиса мегӯянд, соҳибкори истаравшанӣ Бахтиёр Асроровро ду марди аз вай 20 ҳазор доллар қарздор дар дохили мошинаш кушта, сипас барои пӯшондани изи ин ҷинояти куштор ҷасади Асроровро ба дарёи Зарафшон партофтаанд.

Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Истаравшан сокини деҳаи Ободӣ Хӯҷаҷонов Аъзам Мавлавиевич, соли таваллудаш 1970 ва сокини деҳаи Чорсада Мирзоев Юнус Юсупович, соли таваллудаш 1976-ро бо иттиҳоми даст доштан дар куштори сокини шаҳри Истаравшан Асроров Бахтиёр Аслонович, соли таваллудаш 1976 дастгир кардаанд.

Ҳарду даст доштани худ дар ин ҷиноятро эътироф карда ва ба мақомоти милиса нишон додаанд, ки Бахтиёр Асроровро кай, дар куҷо ва чигуна куштанд ва ҷасадашро куҷо партофтанд?

Акбар Шарипов, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд мегӯяд, ин куштор ба муомилоти пулии байни ин афрод робита доштааст. Гуфта мешавад, ин ду мард аз Бахтиёр Асроров 20 ҳазор доллар қарздор буда, бо ҳадафи пас надодани ин пул Асроровро бо роҳи фиреб ба мулоқот даъват мекунанд ва ӯро дар деҳаи Равғангарони Истаравшан дар дохили мошини шахсиаш ибтидо бо ресмон буғӣ карда, ба ҳалокат расондаанд.

Ба гуфтаи мақомот, нақшаи ин ҷиноятро Аъзам Хӯҷаҷонов, ки 20 ҳазор доллар қарзи сарбориашро пардохт кардан намехост, кашидааст. Хӯҷаҷонов, ки аз Юнус Мирзоев ҳам қарздор будааст, вайро барои кумак дар куштори Асроров моил сохта, ба вай ваъда додааст, ки баъди «халос” шудан аз Асроров пеш аз ҳама қарзи вайро хоҳад дод.

Юнус Мирзоев дар наворе, ки раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд нашр кардааст, мегӯяд: «Гуфт, ки вақте Бахтиёр меояд, ман дар бараш мешинам, ту аз қафо мешинӣ ва аз қафо бо ришта аз гарданаш мекашӣ. Гуфт, ки ман дасташу гарданашро медорам.”

Муомилаҳои пулии байни Аъзам Хӯҷаҷонов ва Бахтиёр Асроров собиқаи кӯҳна дошта, дар вақташ ҳатто сабаби ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани Асророр шудааст.

Аъзам Хӯҷаҷонов мегӯяд, ҳамон рӯзи 18 июл, баъди куштани Асроров ҷасадро дар таҳхонаи як манзили ӯ дар маҳаллаи Равғангарон пинҳон кардаанд. Рӯзи дигар Хӯҷаҷонов ва Мирзоев ҷасадро ба мошин бор карда, ба тарафи ноҳияи Айнӣ рафтаанд ва ҷасадро дар минтақаи Хушекат ба дарёи Зарафшон партофтаанд.

Акбар Шарипов, сухангӯи пулиси вилояти Суғд мегӯяд: «Ҷинояткорон бо андохтани ҷасад ба Зарафшон мехостанд ҷинояти худро пинҳон кунанд. Умеди онҳо ин буд, ки дарё ҷасадро ба Узбекистон мебарад. Ҳарчанд дарёи Зарафшон ҷасади Бахтиёр Асроровро ба коми худ фурӯ бурда, пинҳон кард, вале ин ҷиноятро аз ҷомиа пинҳон карда натавонист. Ҷасад дар Панҷакент рӯи об баромада, нақшаи ҷинояткоронро барбод дод.”

Ба зидди Юнус Мирзоев ва Аъзам Хӯҷаҷонов бар асоси моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми куштор парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба онҳо бар асоси ин банди қонун то 25 соли зиндон таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *