Кай дар Душанбе метро месозанд?
Метрои рӯизаминӣ дар Душанбе бо истифода аз системаи метрои сабуки баландсуръат (Light Rail Transit) сохта мешавад.
Аллакай созишнома барои маблағгузории омӯзиши пешакӣ ва арзёбии техникиву иқтисодии сохтмони роҳи оҳани шаҳрӣ ва метрои сабук байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Кореяи Ҷанубӣ ба имзо расидааст. Санадро вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи Бонки Кореяи Ҷанубӣ Квон Биеонг дар Душанбе имзо кардаанд. Кореяи Ҷанубӣ тибқи созишнома уҳдадор шудааст, ки давра ба давра барои хидматрасонии дурусти метро мутахассисони маҳаллӣ омода намояд. Дар назар гирифта шудааст, ки то охири сол 7 нафар мутахассисон дар ин самт тайёр шаванд.
Барои баргузории корҳои пешакӣ “Эксимбонк”-и Кореяи Ҷанубӣ 200 ҳазор доллар ҷудо кардааст. Сохтмони метро аз дарвозаи ҷанубии пойтахт то бинои Сирки давлатӣ ба нақша гирифта шуда, масофаи 10,5 километрро ташкил медиҳад. Қаблан 16 вохӯрӣ барои баррасии саривақтии масоили марбут ба сохтмони метрои рӯизаминӣ байни ҷонибҳо баргузор гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ