Дар Душанбе Бизнес-форум мегузарад

Дар шаҳри Душанбе нимаи аввали моҳи сентябр Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мегардад, ки дар он 15 ширкати бузурги Қазоқистон иштирок менамоянд.

Ин бизнес-форум рӯзи 12-уми сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Ҳайати мазкур аз намояндагони бахши хусусии Қазоқистон дар соҳаҳои омехта, ба монанди хӯрокворӣ, аз қабили истеҳсоли равған, орд, макарон, қаннодӣ, гӯшт ва хоҷагии қишлоқ, ба мисоли истеҳсоли хӯроки чорво, инчунин таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ, коммутаторҳои шабакаҳо, истеҳсоли трансформатор, нуриҳои фосфатӣ, истеҳсол ва фурӯши муҳаррикҳои дизелӣ, маҳлулҳои фасадӣ, конструксияҳои металлӣ, соҳаи куҳканӣ ва ҷустуҷӯи геологӣ, саноати маъдани куҳӣ ва ғайра иборат мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *