Калисои масеҳиён баъд аз 95 сол дар Панҷакент боз мешавад
Баъд аз 95 сол насрониҳои Панҷакент аз нав соҳиби ибодатгоҳ (часовня)-и худ хоҳанд шуд.
Ин ибодатгоҳи насронӣ дар гӯшаи ягона қабристони русӣ дар канори шаҳри Панҷакент сохта мешавад. Қаблан дар Панҷакент ибодатгоҳи насрониҳо вуҷуд дошт, вале онро соли 1923, ҳукумати болшевикӣ, ки бехудоиро тарғиб мекард, вайрон кард.
Ибодатгоҳи насрониҳо бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии «Маркази фарҳанги русӣ — Ҳамвататон дар минтақаи Зарафшон» бунёд мешавад. Дар расми гузоштани санги асос роҳбари калисои Осиёимиёнагии провославиҳо митрополити Ӯзбекистону Тошкент Викентий, епископ дар Тоҷикистон – Питирим ва ҳамчунин иеромонахҳо Валерий ва Андрей ва дигар намояндагони провославиҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ширкат намуданд.
Ибодатгоҳи мазкур дар гӯшаи ягона қабристони русӣ, ки дар як канори шаҳри Панҷакент ҷойгир аст, сохта хоҳад шуд.
Роҳбари калисои Осиёимиёнагии провославиҳо митрополити Ӯзбекистону Тошкент Викентий гуфтааст, ки ибодатгоҳи мазкур ба шарафи яке аз рӯҳониёни машҳури провославиҳо Лукаи муқаддас (Валентин Войно-Ясенецкий) бунёд гардида, ба номи ӯ гузошта мешавад.
Лукаи муқаддас дар гузашта табиби сатҳи ҷаҳонӣ будааст ва бо ҷарроҳиҳои мӯъҷизавиаш шӯҳрат дошт. Ба гуфтаи мавсуф, ҳар ҷарроҳие, ки ӯ мегузаронидааст, нафари бемор ҳатман шифо меёфтааст. Агарчи ин марди бузург соли 1961 вафот кардааст, вале ба гуфтаи Викентий, рӯҳи ӯ ва олами ин рӯҳонии бузург то ба имрӯз онҳоеро, ки номашро гирифта ба иконааш муроҷиат мекунанд, мадад мекардааст.
Митрополити Ӯзбекистону Тошкент Викентий ёдовар шуд, ки то солҳои 1923 дар шаҳри Панҷакент як ибодатгоҳи калони насрониҳо фаъолият дошт ва Лукаи муқаддас як аср пеш дар инҷо низ хидмат кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ