Бахти баргаштаи Бахтовар

 

Маркази матбуоти РВКД Душанбе хабар медиҳад, ки 20 апрел, соати тахминан 15:30 «ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи Мерседес, рақами қайди транзитияш ХЕ309, Аминов Бахтовар Баҳриддинович соли таваллудаш 1996 сокини деҳаи Қалъачаи-Калони шаҳри Истаравшан, бе ҳуҷҷати ронандагӣ ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ҳ. Шерозӣ ба самти кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе аз сабаби баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба қафои автомашинаи боркаши тамғаи «Дулан», ки дар канори роҳ меистод бармехурад.

Дар натиҷаи ин садама Бахтовар Аминов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид. Ӯ ҳамагӣ 22 сол дошт.

Ба гуфтаи мақомот, «зимни санҷиши ҳодиса тафтишот муайян намуд, ки номбурда ҳангоми ҳаракат ба самти шаҳри Душанбе ҳамчунин дар ноҳияи Варзоб автомашинаи дигарро зада, ба самти пойтахт фирор намудааст, ки дар натиҷа чунин ҳодисаи фоҷиабор рух додааст.«

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *