“Калкунӣ”- нишонаи тарсонидан ё “издеваться”?

 

 14-апрел, соати тахмин 8:00 дадиқа сокини деҳаи Ӯзбекқишлоқи ноҳияи Ҷаббор Расулов, Бахтиёр Юлдошов ҳамсари 24 солаашро ба ҳалқаи дор кашид. Ба гуфти ҷабрдида, Хонзода Юлдошова  сабаби асосии моҷаро ва расонидани зарари ҷисмонӣ аз ҷониби шавҳар ин пайдо шудани симкорт аз дохили ниқлиёти шахсии Бахтиёр аст.

Юлдошова  дар вақти мошинро тоза кардан симкортро пайдо мекунад ва аз рӯи кунҷковӣ, ки вақтҳои охир шавҳараш пайваста бевақти шаб ба хона меомадааст, мехоҳад онро ба телефон гузошта фаҳмад, ки симкорт  они кист. Ва агар ба шавҳараш тааллуқ дошта бошад, пас бо ин симкорт Юлдошов бо кӣ сӯҳбат мекардааст…

 Бо ҳамин мақсад зан симкортро ба телефон мегузораду ҳамон замон шавҳараш омада телефонро аз дасти ӯ кашида мегирад ва занро мавриди латукӯби шадид қарор  медиҳад. Мӯйи сари занро тоза карда метарошад ва ӯро ба ҳалқаи дор мекашад…

                                   Пеш аз ин нимкуштор зада шикамдард карда буд

2- ҳафта пеш аз маро зада ба дор кашиданаш мурдавор зада буд. Аз шикамам  лат хӯрда бистарӣ шудам ва  дар хона хоб карда будам. Аммо шавҳарам ба духтур равӣ ё   хонаводаат сир бой диҳӣ дониста мон, ки як рӯз не як рӯз саратро аз танат ҷудо мекунам.

Доимо “ду фарзандамон ҳаст ақлаш медаромадагист” гуфта ба рӯзи нек умед бастам,  гоҳо шабона ба хона меомаду гоҳи дигар саҳаргоҳон. Ҳатто маро аз хоб бедор карда мегуфт, ки “хез барои ман об гарм кун…” то ҳамин андоза ҳаёву инсофро ба гӯшаи фаромӯшӣ бурда бурд.

                  Хонзода: “Як рӯз не як рӯз  туро мекушам”- шиори шавҳарам аст

Вақтҳои охир нашудас шабе, ки шавҳарам барвақттар ба хона омада бошад. Зан шуда пурсам, ки “куҷо будед?” тамоми суханҳои пасти оламро мегӯяд. Вақте ба хушдоманам фаҳмонидам, ки писаратон ҳар шаб соатҳои 1-2-и шаб меоян, пурсед, ки куҷо мегардан, чаро дер меоян?…

Хушдоманам барои дили ман шуда як бор дар ҳузурам писрашро пурсид, ки “Бахтиёрҷон чаро бевақт ба хона меоӣ?”. Шавҳарам ҳам медонист, ки модараш сарзаниш ё насиҳат намекунад кӯтоҳакак “кор дия-кор” гуфту монд. Агар модар падар ободии оилаи фарзандро хоҳанд камтар сахигирӣ мекунанд. Аммо хусурам доим бо овози баланд мегуфт, ки ман туро нест мекунам аз ин хонадон.

Хушдоманам бошад рӯзи ба ҳаммом дароварда бо таҳдиди куштор мӯйи сарамро тарошидан модараш даромада “и-и-и бачам, чиба инхел кардӣ?” гуфту рафт. Агар ба умеди ислоҳ ва худотарс шудани шавҳарам шуда зиндагиямро идома медодам охираш ғӯрамарг мешудам.

        Хушдоманаш занг, ки хоҳаратро омада бар  шавҳараш накушад

То дами хоҳарам руймолашро кашида сарашро нишон додан ва сиёҳу кабудиҳои пову танашро диданамон аз асли ҳол бехабар будем. Зеро почоям айбро ба хоҳарам бор карда гуфта буд, ки “телефонбозиша қапида тарсонданӣ шудам”-нақл мекунад бародари Хонзода, Баҳодур Юлдошов.

-Баробари хоҳрамро ба хона овардан ҳама баробар ба ӯ “часпидем”, ки ҳамон телефонро чаро  ба дастат гирифтӣ? Чӣ ҳоҷат буд ба сарат бало харидан? Аз ҳамон телефона ба дастат гирифтан чӣ фоида дидӣ?…

Саволҳои пайпарпайи мо додару хоҳаронро дар аввал Хонзода бо сари хам гӯш карда нишаст. Фикр кардем, сари “хам”-аш нишонаи иқрор шуданаш аст, аммо ӯ маҷоли сухан надоштаасту сарашро бо даст дошта ба суханони мо  гӯш медод. 

 Баъди сарзаниши  мо хоҳарам: -Ин гапҳои шавҳарам тӯҳмати нақд аст. Ана инро бинед маро чи кор кард?-гуфту рӯймолашро кашид. Бинем мӯйи сарашро гӯсфанвор тарошида, ӯро масхара ва ба гирифтани “гуноҳ” ба зимма маҷбур кард. Вақте видеоро монда маро маҷбур кард, ки “ман бо марди бегона гап мезаму шавҳарам дастгир кард” гуйӣ туро намекушам. Вагарна як корд мезанаму ҷонатро мегирам-гуфт.

Ҳоло  тамоми танаам дард мекунад ва пайваста сарам чарх мезанад. Медонам, ки бо  ин ҳол гаштан ба саломатӣ зарар дорад. Вақти аз муоинаи нервопотолог гузаштан духтур тавсия дода буд, ки бистарӣ шавам. Аммо дар беморхона хобидан ба амнияти ман хатар дорад, зеро шавҳарам қасам хӯрдааст, ки агар ба духтур ё милиса равӣ нокушта намемонам.

                               Масъулини экспиртизаи судӣ-тиббӣ чӣ мегӯянд?

18-апрел шаҳрванд Юлдошова Хонзода бо шикоят ба дарди сар, сарчархзанӣ, дилбеҳузурӣ ва беҳолӣ ба нуқтаи осебшиносии БМН Ҷ. Расулов  муроҷиат кардааст. Дар натиҷаи ташхис муайян гашт, ки ҳолати умумии бемор қаноатбахш, ранги пӯст ва пардаҳои луобӣ муқаррарӣ буда, рангаш сурхчатоб аст. Дар вақти азназаргузаронӣ  хунхобравӣ дар мавзеи сеяки болои рони рост аз сатҳи қафо бо андозаи 6,0х4,0 см, дар сеяки болои рони рост аз аз сатҳи қафо бо андозаи 10,6х6,0 см, дар мавзеи соқи чап аз сатҳи қафо бо андозаи 1,5х 0,8см рангаш кабудчатоб дида мешавад. Дар ташхиси клиникавӣ нишон дода шудааст, ки дар Юлдошова латхӯрии бофтаҳои мулоими пушти сар, хунхобии мавзеъҳои сеяки миёнаи ҳарду ронҳо, сеяки минаи соқи пойи чап осеб дидаанд -мегӯяд эксперти судӣ-тибии дараҷаи якум Шӯҳрат Қушмуродов.

Як ҷавоби  Юлдошов ба сад саволи масъулини ҷамоат

 Рӯзи 16 апрел, саҳарӣ соат тахмин 7:00 буд, ки хоҳараки хомзода осемавор ба хона омад. Аз чеҳрааш маълум буд, ки нохушӣ аст. Омада гуфт, ки як бор ба хонаи мо оед, ки апаамро шавҳараш лату куб кардааст ва ӯ дар хона. Ба хонаашон оям аҳли оила ҳама дар гирди Хонзода ҷамъ. Келинчак ранги парида ва аз чашмонаш маълум, ки бемор аст ё сахт тарсида. Ҳамаи ҳодисаи шуморо нақл ва рӯймолашро гирифта сари калкардаи шавҳарашро нишон дод. Ин ҳолро дида ҳамроҳии раиси маҳаллаашон ва нозири минтақавияшон барои сабабро аниқ кардан ба хонаи шавҳари ӯ Бахтиёр Юлдошов рафтем. Аммо вай ҳамагӣ як ҷавоб дошт:-Ман бо ин роҳ занамро тарисонданӣ шудам. Нияти куштан надоштам-мегӯяд раиси кумитаи маҳаллаи  ҷамоати деҳоти “Сомониён” Гулҷон Ахмедова.

-Ба шавҳари ҷабрдида фаҳмонидем, ки занат хато карда бошад аз дасташ гиру рост ба хонаи модар падараш бурда мон. Магар одам занро ҳаминқадар лату кӯб мекунад? Наход занамро метарсонам гуфта ба ҳамин дараҷа расонӣ?

Дар оила беҷанҷолу камбуд намешавад.  Зан ҳам мард ҳам хато мекунад. Аммо барои ислоҳи камбуд ё хато то ба куштор расонида, “издеваться” кардан комилан хато аст. Бинобар ин ба қонун бовар дорам ва умед дорам, ки ба тоифаи мардоне, ки нисбат ба зан чунин хушунати сахти ҷисмонию равониро раво мебинанд, чора меандешад ва танобашонро мекашад-меафзояд Ахмедова.

                              “Калкунӣ”- нишонаи тарсонидан ё “издеваться”?

Баъди ҳоли ҷабрдидаро дидан ва асли ҳолро аз забони уву пайвандонаш ва масъулину ҳомиёни ҳуқуқ шунидан ба натиҷае расидем, ки аввалан барои гуноҳи накардаашро мақбуран ба зиммаи ӯ бо роҳи таҳдид бор карда, ба навор гирифтанани мард бешак шантаж аст. Дуюм, зоти олитарини табиат-ИНСОН-ро мисоли латтакӯҳна кашолакунон ба сари дор бурдан ва ба ҳалқаи дор кашидан наздик ба одамкушӣ аст. Зеро аз корҳои нисбати ҳамсари худ кардаи Юлдошов бармеояд, ки шарму тарс аз Худо фаромӯш кардаву фикри ду кӯдакашро ҳам накардааст. Аммо замони дар ҳалкаи дор кашол будани Хонзода канда шудани ресмон каромати худовандӣ аст, ки ду кӯдаки ташнаи меҳри модарро нагузошт, ки доғи ятимӣ кашанд.   Сеюм мӯйи дарози занро тарошидан мақсади тарсонидан нест, таҳқиру масхара аст, ки ба ҳаёт ва шаъну шарафи инсон “бозӣ” кардан низ ҷавобгариҳо дорад. 

             

                                 Ба қонун бовар дорам ва қонун ҷазои чунин мардҳоро диҳад

Аксарияти мо дар ин гуна ҳодисаҳо одат кардаем бигӯем, ки “зани шавҳар беҷанҷол намешавад, муҳимаш зан намурдааст-ку”.  Аммо О-дам, як дам аст. Худо накарда ҳалқаи дор канда намешуду 24-сола ҷавонмарг мешуд чӣ мешуд? Дар ҳол таноби марди муштзӯри ӯро кашидан магар мурдаро зинда мекард? Ё кӯдакони аз бари модар ҷудо намегаштаи ӯро дар бар мегирифт?… Ба ҳар ҳол “Илоҷи воқеа пеш аз вуҷӯъ аст”.

Ҳам Хонзода ва ҳам бародараш такрор ба такрор мегуфтанд: Мо ба қонун ва адолат бовар дорем. Умедворем таноби чунин марди муштзӯрро  ҳомиёни ҳуқуқ мекашанд, то дигар мардҳо ибрат бигиранд.

Хосем шарҳи ҳолро аз забони нозири минтақавии ШВКД-и ноҳияи Ҷ. Расулов, нозири  минтақавӣ Абдуқодир Охунов баён кунем. Аммо номбурда аз посух ба суолҳои мо худдорӣ кард.

Дар шумораҳои баъдӣ  оид ба чӣ шудани тақдири Хонзода Юлдошова сари ин масъала хоҳем баргашт…

                                                                                                                                              Фарзона Муродӣ

                                                                                                                               

 

 

 

                                                                      

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *