Калонтарин фарҳанги инглисӣ-тоҷикӣ
Ба наздикӣ дар яке аз чопхонаҳои Туркия “Фарҳанги муосири инглисӣ-тоҷикӣ” ба нашр расид, ки 160 ҳазор калимаву ибораҳоро дар бар мегирад. Китоб ба қалами Озар Саидов тааллуқ дорад ва феълан калонтарин фарҳанги инглисӣ-тоҷикӣ мебошад.
Фарҳангнигории дузабонаи англисӣ-тоҷикӣ аз замони шӯравӣ сарчашма мегирад. Луғати аввалини англисӣ-тоҷикӣ зери таҳрири Г. Б. Баракаева соли 1970 ба чоп расидааст, ки тахминан шарҳи 3 ҳазор калимаро фаро гирифтааст. Ин китоб ҳамчун луғати таълимӣ барои донишҷӯёни макотиби олӣ таҳия шудааст.
Соли 1972 “Луғати хурди англисӣ-тоҷикӣ” ба нашр расид, ки он ба қалами М. Б. Шаҳобова мансуб аст. Номбурда ин китобро бо илова кардани бахши форсӣ таҳти унвони “Луғати мухтасари англисӣ-тоҷикӣ-форсӣ” соли 1989 ба чоп расонид. Ин луғат низ ҳудуди се ҳазор калима ва ибораҳоро дар бар гирифтааст.
Фарҳангнигорӣ дар замони истиқлол равнақ пайдо карда, дар се даҳаи охир дар кишвар чандин луғатҳои инглисӣ-тоҷикӣ ба нашр расиданд. Аз ҷумла “Фарҳанги англисӣ-тоҷикӣ”-и П. Ҷамшедов ва Т. Розӣ (соли 2005), ки муодили тоҷикии 26 ҳазор калимаву ибораи инглисиро фаро мегирад.
Дар соҳаи фарҳангнигории тоҷик метавон саҳми профессор Абдусалом Мамадназаровро алоҳида таъкид кард. Зеро Фарҳанги инлисӣ-тоҷикии ӯ, ки борҳо нашр шудааст, яке аз намунаҳои барҷастаи фарҳангнигорӣ дар замони истиқлол мебошад. Нашри охири ин китоб 100 ҳазор калимаро фаро мегирад. Дар баробари ин, профессор Абдусалом Мамадназаров чандин фарҳангҳои инглисӣ-тоҷикии соҳавиро ҳам таҳия кардааст.
Таълифи фарҳангҳои тоҷикӣ-англисӣ ҳам маъмул аст. Аввалин луғати тоҷикӣ-англисиро номзади илми филология Г. Б. Баракаева дар 2 ҷилд таълиф кард, ки он соли 1968 ба табъ расид. Ин китоб ҳудуди 10 ҳазор калимаро дар бар мегирад. Фарҳанги нисбатан комилтари тоҷикӣ-англисӣ “Standard TajikEnglish Dictionary” бошад, соли 2001 дар Бишкек аз ҷониби Рондал ва Рошел Олсонҳо нашр шуд. Ин муаллифон, ки кормандони созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон буданд, беш аз 10 ҳазор калимаи тоҷикиро ба инглисӣ шарҳ додаанд. Соли 2005 бошад, нашриёти Dunwoody Press-и ИМА фарҳанги калонҳаҷми тоҷикӣ-инглисро таҳти унвони Tajik-English Dictionary нашр кард, ки зиёда аз 29 ҳазор вожаро дар бар мегирад. Дар ин фарҳанг, ки барои инглисзабонҳое, ки майли омӯхтани забони тоҷикиро доранд, пешбинӣ шудааст, бештар калимаву вожаҳои роиҷ дар забони зиндаи мардум ва ВАО шарҳ ёфтааст.
Аз соли 2008 фарҳанги нисбатан калонҳаҷми тоҷикӣ ба инглисии профессор Парвона Ҷамшедов таҳия ва ду маротиба нашр гардид.
Таълиф ва нашри чунин фарҳангҳои дузабона далели он аст, ки дар кишвари мо таваҷҷуҳ ба омӯхтани забони инглисӣ рӯз аз рӯз меафзояд. Ҳамчунин, маълум мешавад, ки инглисзабонҳо низ ба омӯхтани забони мо майл доранд.
Ниҳоят, охири соли 2022 калонтарин Фарҳанги муосири инглисӣ-тоҷикӣ нашр шуд, ки 160 ҳазор калимаву ибораро дар бар гирифтааст. Муаллифи ин китоб Озар Саидов — хатмакардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва донандаи забони инглисӣ аст. Солҳо дар созмонҳои байналмилалӣ кор кардааст. Ӯ мегӯяд, ки ин китобро барои фарзандонаш ва дар симои онҳо ба насли наврасу ҷавони кишвар бахшидааст.
“Солҳои 1997-2002 дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон таҳсил мекардам. Тӯли солҳои донишҷӯӣ, ки дар ҷустуҷӯи маънии калимае ё ифодае рӯ ба фарҳангҳову луғатномаҳои русӣ меовардам ва аз набудани фарҳангҳои инглисӣ-тоҷикӣ ё нигоштаҳои ноқису мухтасар, ки маънову муодили равшани калимаву ифодаҳоро аз инглисӣ ба тоҷикӣ дар пешорӯи зеҳни хонанда бедор намекард, дар чорроҳаи тааммуқ худ бо худ мемондаму меандешидам, ки бояд коре дар ин масир анҷом ёбад. Он солҳо аз сабаби набудани луғатҳои инглисӣ-тоҷикӣ ва тоҷикӣ-инглисӣ забони мутавассита барои омӯхтани забони инглисӣ русӣ буд, ки на ҳама онро балад буданд. Билохира, бисёриҳо на русиро меомӯхтанду на инглисиро”,- мегӯяд муаллифи китоб.
Озар Саидов ҳанӯз дар замони донишҷӯйӣ дар кори фарҳангнависӣ таҷриба пайдо карда буд, зеро дар таҳияи як фарҳанги тоҷикӣ-инглисӣ ширкат дошт.
“Дар соли чоруми таҳсил аз ҷониби Институти забонҳои каммаъмули дунё, ки қароргоҳаш дар Вашингтон аст, пешниҳод шуд, ки дар тартиб додани як луғат ширкат дошта бошам. Вазифаи ман ин буд, ки калимаву ибораҳои роиҷ дар забони матбуот ва телевизиону радиоро интихоб ва ба инглисӣ тарҷума кунам. Ин кор барои ман таҷриба буд”,- мегӯяд Озар Саидов.
Барои таълифи Фарҳанги муосири инглисӣ-тоҷикии Озар Саидов беш аз 20 соли умри муаллиф сарф шудааст. Худаш мегӯяд: “Таълифи фарҳангро банда моҳи январи соли 2001 оғоз карда, соли 2022 хатм кардам. Асосан, дар лаҳзаҳои фориғ аз кор фароғатам ҳамин буд, ки барои бозтоби маънои муодили калимае ё иборае аз забони инглисӣ ба забони модарӣ навишту бардоште рӯи коғаз мегузоштам. Баъд аз солиёни зиёд самари ин шӯру шавқ ба як чизи воқеан чашмгире табдил ёфт”.
— Фарҳанги шумо аз фарҳангҳои пешин чӣ бартарӣ дорад?,- мепурсам аз Озар Саидов.
— Аввал ин ки, фарогири 160 ҳазор калима аст, яъне дар ҳоли ҳозир калонтарин фарҳанги инглисӣ-тоҷикист. Дуюм, муродифоти мухталифи як калима ва маъноҳои гуногуни як вожаро дар бар мегирад. Барои мисол ҳаст калимаҳое, ки то 30-40 маъно доранд. Сеюм, дар таълифи ин китоб ба забони инглисии давраи нав такя шудааст. Яъне барои имрӯзиён муфид мебошад”,- мегӯяд номбурда.
Озар Саидов мегӯяд, ки бо таълифи ин китоб исбот кардан мехоҳад, ки забони тоҷикӣ забони тавоност: “Ман ба ин васила ба русгароён ва ғарбгароён нишон доданӣ шудам, ки забони мо бойтарин ва шевотарин аст. Имкон дорад, ки бо ин забон ҳам техникаву технологияи навро омӯхт ва ҳам илмҳои муосирро фаро гирифт”.
Нашри “Фарҳанги муосири инглисӣ-тоҷикӣ”-ро метавон дастоварди муҳими фарҳангнигорӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ кард. Вале афсӯс, ки то ба имрӯз мутахассисони соҳа ба ин кори нодир ва пурарзиш таваҷҷуҳ зоҳир накардаанд. Ҳол он ки, муаллиф мегӯяд, интизор дошт, ки мутахассисон фикру мулоҳизаҳои хешро доир ба ҳусну қубҳи китоб баён хоҳанд кард.
Одил НОЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ