Президент оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат кард (аксҳо)

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар шаҳри Кӯлоб оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат кард.

Маркази матбуоти Сарвари давлат иттилоъ додааст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид баҳри пойдории суботу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол, осудагии мардуми кишвар ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистон дуову фотеҳаи нек кард.

Гуфта мешавад, ки мақбара ва ҳудуди оромгоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ пурра таҷдиду навсозӣ гардида, ба як макони ободу зебо табдил дода шудааст. Аз ин оромгоҳ ҳамарӯза садҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ барои зиёрат ва боздид ташриф меоранд.

Возможно, это изображение 5 человек
Возможно, это изображение 8 человек
Возможно, это изображение 5 человек и помост

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шахсияти шинохтаи олами илму маърифат буда, маҳз эътирофи мартабаи бародарию баробарии одамон, эҳсону мурувват, нақши илму маориф ва маърифати аҳолӣ, тарғиби сулҳу оромӣ, фарҳанги сулҳ ва таҳаммулгароӣ ӯро машҳури ҷаҳон кард ва имрӯз дар кишварҳои гуногуни олам пайравону эътиқодмандони зиёд дорад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини Осорхонаи мероси адабӣ ва осори хаттии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳудуди ин макони таърихӣ ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани меҳмонони дохолию хориҷӣ дастур дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *