Ҷиноят дар Тоҷикистон коҳиш ёфт? Посухи Юсуф Раҳмон

Дар 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 16 572 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 752 ҷиноят ё 4,3% кам мебошад.

Дар ин бора Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон дар маҷлиси фаъолияти мақомоти прокуратура дар нуҳ моҳи соли 2023 таъкид кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, дар ин давра прокуророн назоратро бо 9770 парвандаҳои ҷиноятӣ таъмин намуда, аз ин 8974 парвандаро ба суд ирсол намуданд.

“Аз ҷумла, муфаттишони прокуратура тафтиши 3312 парвандаҳои ҷиноятиро ба итмом расонида, дар рафти тафтиши пешакӣ 124,3 млн сомонӣ, аз ҷумла 51,8 млн сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шудааст”,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Ҳамчунин, ки прокурорҳо дар давраи таҳлилӣ дар баррасии 7333 парвандаҳои ҷиноятӣ, 7828 парвандаҳои гражданию оилавӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ иштирок намуда, ба санадҳои ғайриқонунии судҳо бо ин парвандаҳо ҳамагӣ 514 эътироз овардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *