Бунафша

Дар Хатлон талоқ каму никоҳ зиёд шуд

Давоми нуҳ моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 1 ҳазору 931 ақди никоҳ бекор карда шудааст. Ин ҳам дар ҳолсет, ки дар ҳамин давраи соли 2022 бекоршавии ақди никоҳ 2 ҳазору 784 ҳолатро ташкил мекард.

 Бунафша Раҳимзода, сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлия дар вилояти хатлон гуфт, ки бо бештар кардани суҳбату вохӯрӣ бо сокинон ҷудошавии оилаҳо кам гардидааст.

Ӯ мегӯяд, дар нуҳ моҳи соли 2023 ба фарқ аз ҳамин давраи соли гузашта 853 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ кам шуд.

Ба таъкиди вай, аз шумораи умумии бекоршавии ақди никоҳ1 ҳазору 400 ҳолат бо қарори суд, 490 никоҳ бо розигии ҳамсароне, ки фарзанди умумии ноболиғ надоранд ва 41 ҳолати дигар бо аризаи яке аз ҳамсарон бекор шудааст.

Аз ҳисоби бекоршавии ақди никоҳи сокикон феълан 1 ҳазору 827 кӯдак дар тарбияи модар ва 17 кӯдаки дигар дар тарбияи падар қарор доранд.

 Ин ҳам дар ҳолсет, ки дар нуҳ моҳи соли 2023 дар вилояти Хатлон бақайдгирии давлатии ақди никоҳ 20 ҳазору 219 ҳолатро ташкил мекунад. Ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022-ум 1 ҳазору 119 ақди никоҳ зиёд мебошад.

 Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *