Калуга: Муноқишаи тоҷикон бо марг анҷомид
Муҳоҷири тоҷики 56-солаи тоҷик дар вилояти Калугаи Русия бо иттиҳоми қатли ҷияни 22-солааш ба ҳабс гирифта шуд. Ин марди солманд дар ҷараёни муноқиша додарзадаашро се зарбаи корд задааст. Дар як соли охир ин панҷумин мавриди расонаишудаи ба сари хешу табори наздики худ дар Русия корд кашидани муҳоҷирони тоҷик аст.
Як шаҳрванди 56-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Боровски вилояти Калуга, воқеъ дар 100-километрии ҷанубуғарби Маскав 85-километрии шимоли шаҳри Калуга ба қатли додарзодаи 22-солааш айбдор мешавад.
Дар раёсати тафтишоти вилояти Калуга гуфтаанд, ки ин шаҳрванди тоҷик ҳоло ба ҳабс гирифта шудааст ва ба зидди ӯ бар асоси қисми аввали моддаи 105-уми Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми куштор парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.
Намояндаи раёсати тафтишоти Калуга дар мавриди ҷузъиёти ин парванда гуфт: «Рӯзи 14 феврал як марди ҷавонро бо захмҳои корд ба бемористон оварданд, вале табибон ӯро аз марг наҷот дода натавонистанд. Дар ҷараёни тафтиш маълум шуд, ки як шаҳрванди 56-солаи Тоҷикистон рӯзи 14 ффеврал дар ҳудуди як корхонаи тавлидотӣ дар шаҳри Боровск бо ҷияни 22-солааш муноқиша карда, ӯро дастикам се маротиба корд задааст. Аз ҷумла ба гарданаш. Ҳам қотил ва ҳам ҷабрдида расман дар ин корхона кор мекарданд.”
Додгоҳ бо пешниҳоди тафтишот шаҳрванди 56-солаи Тоҷикистонро барои ду моҳ ба ҳабс гирифтааст. Ҷанозаи ҷияни ӯ, ки бо дасти амаки худаш кушта шуд, баъди анҷоми ташхисоти лозим барои гӯручӯб ба Тоҷикистон фиристода хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ