Санкт-Петербург: Муҳоҷири тоҷик аз бом фитоду вафтид

Як шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон дар маркази шаҳри Санкт-Петербург ҳангоми тоза кардани барф аз боми як бинои панҷқабата ба замин афтода, ба ҳалокат расидааст. Ин ҳодиса рӯзи 16 феврал дар кӯчаи Марат рух додааст. Дар як ҳафтаи охир ин алакай сеюмин мавриди ҳангоми тоза кардани барф ба замин афтидани коргарони барфрӯб дар Петербург аст.

Пулиси шаҳри Санкт-Петербург хабар дод, ки рӯзи ҷумъа, 16 феврал як мардикори тоҷик ҳангоми тоза кардани барф дар маркази шаҳр аз боми бинои 5-қабата ба замин афтода, ҷон додааст. Гуфта мешавад, ин марди соли таваллудаш 1975 дар яке аз ширкатҳои барфтозакунӣ кор мекард ва бар асоси қарордод бо мақомоти шаҳрдорӣ, бомҳои хонаҳоро аз барф тоза мекард.

Ин ҳодиса дар бинои рақами 2 дар кӯчаи Марат рух додааст. Ин бинои таърихӣ дар маркази шаҳри Санкт-Петербург дар наздикии истгоҳи метрои «Маяковская” ва истгоҳи роҳи оҳани «Московский” воқеъ буда, бо чанд тарабхонаву мағозаҳои қаннодиаш, ба мисли «Сладкоежка”, «Beer House” ва «Pitcher” машҳур аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *