Камбудиҳои ташкилотҳои иттифоқи касаба дар Хатлон баррасӣ гардиданд

Тавре  Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар маҷлисгоҳи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон бо иштироки раисони иттифоқҳои касабаи кормандони маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ машварати корӣ доир гардид.

Бино ба иттилои манбаъ, дар кори машварат Ширинзода Муҳиддин — раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон вобаста ба низоми кор дар ташкилотҳо, ҳиссаҷудокунии аъзоҳаққӣ, истифодаи дурусти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, тартиби коргузорӣ, камбудиҳо дар таҳияи фармоишҳо, ҳуҷҷатҳои содиротиву воридотӣ, бақайдгирӣ ва баррасии саривақтии муроҷиати шахсонӣ ҳуқуқӣ ва воқеӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо аз ҷониби корфармоён, муқовимат бо коррупсия ва пешгирӣ аз омилҳои коррупсионӣ, нашри дурусти маводҳо аз фаъолияти Иттифоқи касаба дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ суханронӣ намуда, дастуру супоришҳо дода шудааст.

— Инчунин, вобаста ба пурзӯр намудани фаъолияти гуруҳи таблиғотии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми нимсолаи аввал таклифҳо пешниҳод гардид. Дар анҷоми машварат раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон иштирокчиёнро бо Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуда, таъкид дошт, ки аз собиқадорони соҳа, аъзои ниёзманд аёдат намоянд. Раисон ва сармуҳосибоне, ки фаъолияти ташаббускорона нишон додаанд, бо Ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *