Камхунӣ занро мекушад?
Баъд аз таваллуд кардан ба бемории камхунӣ гирифтор шудам. Писарам даҳсола шудааст, вале то ҳол аз ин беморӣ халос нашудаам. Ҳама фармудаҳои духтуронро кардам, бар замми ин, чанд маротиба ҷигарро нимхом пухта хӯрдам, вале ягон намуди табобат манфиат набахшид.
Баъд аз таваллуд кардан ба бемории камхунӣ гирифтор шудам. Писарам даҳсола шудааст, вале то ҳол аз ин беморӣ халос нашудаам. Ҳама фармудаҳои духтуронро кардам, бар замми ин, чанд маротиба ҷигарро нимхом пухта хӯрдам, вале ягон намуди табобат манфиат набахшид. Ба ман маслиҳат диҳед, ки чӣ кор кунам?
Нилуфар, хонашин
Абдулазиз Шамсов, духтури гемотологи дараҷаи олӣ, муаллими калони ДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, номзади илмҳои тиб ба саволи хонандаи мо чунин посух гуфт:
—Зиёд таваллуд кардан, вайроншавии ҳайзи зан (дар як моҳ зиёда аз ду се маротиба) ҳамчунин, бемориҳои музмини сироятӣ ва ҷарроҳӣ боиси ба камхунӣ мубтало гаштани зан шуда метавонанд.
Нишонаҳои камхунӣ дарди сар, сарчархзанӣ, беҳолӣ, бемадорӣ, кафидани кунҷи лабҳо, шикастани нохунҳо, гум шудани тамъи даҳон, рехтани мӯйи сар нишонаҳои кам шудани оҳан дар таркиби хун ҳастанд. Дар баъзе беморон хоҳиши хӯрдани гӯшти хом ё хок пайдо шуда, бӯйи бензин ба машомашон форам мерасад. Барои барқарор кардани саломатӣ ба чунин беморон оҳани дувалента лозим аст.
Ин элемент дар таркиби гӯшти гов фаровон аст, бинобар ин, ман ба ин хоҳар тавсия медиҳам, ки бештар гӯшти гов хӯранд. Мевагӣ, шарбати лаблабуи сурх, анор, себ муфид аст. Аз дорувориҳо фероплект (1-донагӣ се маротиба то сетогӣ се маротиба)-ро тавсия медиҳем. Кислотаи аскарбинро баъди хӯрок бо кислотаи фолиевӣ (5 мг бошад, яктогӣ ду маротиба) хӯранд.
Комплекси витаминҳо камхуниро бартараф сохта метавонад. Шарти аз ҳама муҳими табобат он аст, ки сарчашмаи бемориро ёфта, аз пайи дармонаш шавед, вагарна беморӣ баъди чанд муддат боз дубора хурӯҷ менамояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ