Дастаи Тоҷикистон пешсафи гурӯҳи Н

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии Бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2022 дар гурӯҳи худ дар ҷойи аввал қарор дорад.

Дастаи Тоҷикистон дар ду бозии ахир бар дастаҳои мунтахаби Қирғизистону Муғулистон бо ҳисоби якхелаи 1 бар сифр пирӯз гардид.

Ин даста рӯзи 15 октябри  соли ҷорӣ бо дастаи Япония, ки яке аз пурзӯртарин дастаҳои қораи Осиё маҳсуб мешавад, қувваозмоӣ хоҳад кард.

Бино ба маълумоти сомонаи Soccerway, бозиҳои навбатӣ дар гурӯҳи Н, ки дастаи Тоҷикистон ба он шомил аст, рӯзи 10 октябр баргузор шуда, дастаҳои Туркманистон бо Кореяи Ҷанубӣ ва Ӯзбекистон бо Яман вориди рақобат мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *