“Камнамо”-и Диловар нашр шуд

Яке аз пешбарандагони мактаби нави рэп дар фазои маҷозӣ, махсусан дар “Ютуб” AD Aka Dilovar (Диловар Андалибов) рэпи нави худро бо номи “Камнамо” нашр кард.

“Камнамо” дар се соати аввали нашраш ҳамагӣ 4 ҳазор шунаванда ёфт, ки ин нисбатан барои ин рэпсаро кам аст. Кам шунидани рэпи мазкур ду сабаб дорад. Якум, тарғибаш дар “Инстаграм” кам буд. Дуюм, ҳастанд бисёр нафароне, ки дар “Ютуб” саҳифа доранд ва рэпҳои навро ҳамон лаҳзаи нашрашон нусха карда, мегузоранд. Дар натиҷа, шунаванда аз саҳифаи аслӣ кам мешунавад, ки аз ҳар ҷиҳат ба рэпсаро таъсир мерасонад.

Бо вуҷуди нисбатан кам бозбинӣ шудани рэпи мазкур, метавон гуфт, ки он аз ҷиҳати услуб ва мазмун аз дигар рэпҳои рэпсаро камӣ надорад. Ёдовар мешавем, ки наздики ду сол боз ҳаводорони рэпи тоҷик ба чунин услуб зиёдтар рэп гӯш мекунанд ва намояндагони ин равияи рэпро бисёртар дастгирӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *