Аз таҳти дил бихандед!
Хориш
Марде ба назди табиб рафта, мегӯяд:
– Духтур, тамоми баданам хориш дорад.
Табиб мегӯяд:
– Шумо оббозӣ мекунед?
Мард мегӯяд:
– Оббозӣ мекунам, баъди як моҳ боз хориш пайдо мешавад.
Маймун
Талаба аз муаллим суол мекунад:
– Устод, бобои ман мегӯяд, ки мо аз маймун пайдо шудаем, магар ин рост аст?
Муаллим мегӯяд:
– Мо ба корҳои оилавии шумо дахолат намекунем.
Маоши зан
Марде аз ҳамсояаш мепурсад:
– Чаро занат дина ин қадар доду вой дошт?
Ҳамсоя дар ҷавоб:
– Пули маошро ба арақ сарф кардам!
Мард ҳайрон шуда:
– Магар занат пули туро кашида мегирад?
– Э не, маоши занам буд,- мегӯяд ӯ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ