Камолзода аз омадани ҳайати СҶТ ба Тоҷикистон огоҳӣ надорад

Интизор мерафт, ки як ҳайати коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ вориди Тоҷикистон гарданд. Аммо Мирҳомуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар як суҳбати кутоҳи телефонӣ бо Pressa.tj гуфт, ки мо аз омадани ин ҳайат огоҳӣ надорем.

Тавре қаблан расонаҳо хабар доданд, ин ҳайат ба хотири санҷидани вазъи коронавирус ба Тоҷикистон хоҳанд омад. Созмони мазкур 23-юми апрел дар суҳбат бо “Коммерсанть” гуфтааст, ки барои рӯшан кардани вазъият ҳайатеро ба Тоҷикистон ва Туркманистон, ду кишвари «покмонда» аз вируси корона хоҳад фиристод.

Аммо омадани ҳайати СҶТ ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки то ҳол сирояти коронавирус дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст. Инро Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Галина Перфилева, раҳбари намояндагии СҶТ дар Тоҷикистон борҳост, ки мегӯяд: “Дар Тоҷикистон коронавирус нест». Аммо дар мусоҳиба бо «Коммерсант» мегӯяд, ба натиҷаҳои санҷиш дар ташхисгоҳҳои Тоҷикистон мутмаин нест ва «наметавон қотеона гуфт, ки ягон мавриди сироятёбӣ вуҷуд надорад.Вазифаи мо кумак ба кишвар аст. Кишвар дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ вазифадор аст, ки дар давоми 24 соати ошкор шудани мавриди сироятёбӣ СҶТ-ро аз он огоҳ кунад. Хеле умед дорам, ки кишвар аз ин талабот огоҳ аст ва онро иҷро мекунад.»

Ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ атрофи будан ва ё набудани коронавирус дар Тоҷикистон ҳамарӯза баҳсу мунозира сурат мегирад. Корбарон суол мегузоранд: “Агар ин вирус ба кишвар наомадааст, тарзи ғайриодии дафн ва ҳам карантин шудани ҳама аъзои оилаи шахси бемор ва гоҳе кормандони як коргоҳ барои чист?” Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин ҳамаро зарурате дар роҳи эҳтиёт меномад.

«Мо чораҳои пешгириро бисёр боқувват кардем, барои ҳамин баъзеҳо ба шубҳа афтодаанд, ки аниқ коронавирус ҳаст, ки инҳо ҳамин хел карда истодаанд. Агар коронавирус пайдо шавад, чораҳоро боз аз ин сахттар мекунем,» — мегӯяд Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи Вазорати тандурустӣ ба “Озодӣ”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *