Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳанс Клге атрофи коронавирус суҳбат карданд

Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо мудири Идораи минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо Ҳанс Клюге телефонӣ суҳбат кард.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати корхои хориҷӣ хабар додааст, 22 апрел ҷонибҳо масъалаи пешгирии паҳншавии бемории ҳамагири COVID-19, пайомадҳои он ба мамлакат ва дар ин замина мусоидати Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Ҳамзамон, роҷеъ ба видео-конфронси қарибулвуқӯи минтақавӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳои муштарак алайҳи ин беморӣ табодули назар кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *