Кампири боксиёре,ки ба китоби Гинес дохил кардашуд

 Эрнестина Шепард аз Балтимор 80-сола буда, ҳамчун тренер, моделер ва бодибилдер фаъолият менамояд. Ҳанӯз соли 2010 Эрнестина ба китоби рекордҳои Гиннесс ҳамчун куҳансолтарин бодибилдер ворид гашта буд. Бояд гуфт, ки Эрнестина то сини 56-солагӣ хеле зани камҳаракат ва заиф буд, ин зани паҳлавон баъдан машқу тамринҳои зиёде намуда, ба ин мартаба расидааст. Ба синну солаш нигоҳ накарда, Эрнестина бо камоли майл дар озмунҳои дар масофаи панҷ ва даҳ километр давидан ширкат меварзанд. Вай ҳар рӯз соати чори субҳ аз хоб хеста, 16 километр медавад. Вақте ба озмунҳо омодагӣ дидан бошад, ин зани бағайрат 128 километр медавидааст. Бо вуҷуди ҳамин қадар серҳаракатӣ дар давоми 17 соли машқу тамринҳо Эрнестина ягон бор бемор нашудааст ва то ҳол бардаму ҷавон менамояд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *