Калонтарин моҳии дунёро Ҷопониҳо доштанд

Дар соҳили дарёи Фукусима моҳӣ-мутантеро қапиданд, ки каллаи беҳад калон дорад. Тавре маълум аст, ҷопониҳо хӯрдани моҳиро хеле дӯст медоранд. Моҳидоре бо номи Хирасака Хироши бо мақсади ҷамъоварӣ намудани намудҳои гуногуни моҳӣ ба соҳили дарё меравад, то ки баъди қапидану истеъмоли моҳӣ тамъи онро ба муштариёнаш дар сомонаҳои иҷтимоӣ хабар диҳад. Хироши то имрӯз чандин намуди моҳиро истеъмол кардааст, ки мову шумо ҳатто расми он моҳиҳоро надидаем, вале моҳии каллакалони бори охир ба шаст афтонидааш худи Хироширо ҳам дар ҳайрат гузошт. Ҷонвар ду метр дарозӣ дошта, калаву лабҳои моҳӣ чунон калонанд, ки бо диданаш кас ба даҳшат меафтад. Баъдан маълум гашт, ки моҳии каллакалон ба зоти моҳиҳои дарандаи тездандон дохил мешавад.  Ин намуди моҳиҳо то 100-120 см дароз шуда, вазнашон ба 15кг мерасад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *