Канте ба «Ал-Иттиҳод» гузашт
— Нимҳимоятгари фаронсавӣ Н’Голо Канте бозигари тими “Ал-Иттиҳод”-и Саудӣ шуд,- хабар медиҳад РИА “Новости”.
Шартҳои шартнома бо футболбози 32-сола мушаххас нашудааст. Ба гуфтаи манбаъ, он то соли 2027 ҳисоб шудааст ва маоши фаронсавӣ дар як сол 25 миллион евро хоҳад буд.
Аз соли 2016 Канте дар ҳайати «Челси»-и Англия бозӣ мекунад, ки дар он қаҳрамони Англия, соҳиби Ҷоми Англия ва Суперҷоми УЕФА, инчунин барандаи Лигаи Аврупо, Лигаи Чемпионҳо ва Ҷоми ҷаҳон гардид. Қаблан фаронсавӣ дар ҳайати «Лестер»-и Англия бозӣ карда, дар он ҷо ғолиби қаҳрамонии Англия «Канн» ва «Булон»-и фаронсавӣ шуда буданд.
Дар ҳайати тими Фаронса Канте барандаи медали нуқраи чемпионатҳои ҷаҳон гардид.
«Ал-Иттиҳод» рӯзи 6-уми июн аз имзои қарордод бо соҳиби феълии «Тӯби тиллоӣ» франсуз Карим Бензема хабар дода буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ