Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Гурбаи дупо

Зани зебое ба мағозаи ҳайвонот даромада, ба фурӯшанда мегӯяд:

— Ба наздикӣ шавҳарам вафот кард, ман дар як хонаи калон танҳо мондаам. Ба ман ягон гурбача диҳед.

Фурӯшанда дар ҷавоб:

— Мияв, мияв…

Тақсимот

Марде аз занаш ҷудо мешавад. Раиси суд аз онҳо мепурсад:

— Шумо дар хонаатон чӣ доред?

Шавҳар дар ҷавоб:

— Курсӣ-мурсӣ, диван-пиван, ҷевон-певон, фарзанд-парзанд.

Судя мегӯяд:

— Курсӣ ба занат, мурсӣ ба ту, диван ба занат, пиван ба ту, ҷевон ба занат, певон ба ту, фарзанд ба занат, парзанд ба ту мемонад.

Меҳнат

Марде ба рафиқаш мегӯяд:

— Пули калонро фақат бо роҳи дуздӣ ба даст овардан мумкин аст.

Рафиқаш дар ҷавоб:

— Магар бо меҳнати ҳалол намешавад?

Мард:

— Бо меҳнати ҳалол танҳо “геморрой” мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *