Канзи шифо: 10 даво ба бемории дил
— Агар зардии тухми нимпухтаро бихӯранд, дилро қувват мебахшад.
— Ҳар рӯз ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ як пиёла шарбати зардолу нӯшидан ё дар як рӯз 4-5 дона туршак хӯрдан дар табобати ҳар гуна бемории дил муфид буда, дилро қавӣ мегардонад.
— Худдорӣ аз крахмал, маҳсулоти ширӣ ва шакар дар ғизо низ дар ин беморӣ судманд аст.
— Нӯшидани шарбати себи ширин, шарбати анори ширин ба дил қувват мебахшад.
— Гиёҳи хушки чойи зард (далачой)-ро дар об ҷӯшонида, дар як рӯз 2-4 бор баъд аз хӯрок як қошуқ нӯшидан низ фоидаовар аст.
— Хӯрдани кашнизи хушк, биҳӣ ва бӯйи садбарги сафед ба дил қувват мебахшад.
— Агар 5 грамм оби решаи офтобпарастро бинӯшанд, барои дили аз хунукӣ заифшуда даво аст.
— Рӯзе як пиёла шири навҷӯшидаи говро дар гармӣ нӯшидан ба дил қувват мебахшад.
— Нок, писта ва анҷир барои нокомии дил ва бемориҳо давои хубанд.
— Ҳар рӯз ду грамм мурчро майда карда, бо об фурӯ бурдан сӯзиши дилро дафъ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ