Суруш Холов ва алами “Ҷилвагар”-аш

Овозхони шинохтаи тоҷик Суруш Холов суруди нави худро бо номи “Ҷилвагар” пешкаши ҳаводоронаш кард.

“Ҷилвагар” дар ютубканали “Sooroosh media” нашр гардида, дар се шабонарӯз наздики 50 ҳазор маротиба дидаву шунида шудааст.

Зоҳиран маълум аст, ки овозхон дар толори консертӣ бо навозандаҳояш ба суруди мазкур навори диққатҷалбкунанда омода кардаанд.

Таронаи “Ҷилвагар” дар худ чунин мисраъҳоро дорад:

Қади ту ба қади ҷилвагар мемонад,

Рӯи ту ба кулчаи қамар мемонад.

Ҳар кас, ки ба болини ту сар мемонад,

Бар нозу карашмаи ту дар мемонад.

Суруш Холов аз ҷумлаи овозхонҳои маъруфи тоҷик аст, ки дар баробари дигар муҳимиятҳои кори сарояндагӣ ба матнҳои сурудҳояш хеле зиёд диққат медиҳад. Ба шеърҳое оҳанг мебандад, ки пеш аз ҳама маънӣ доранд ва мухлисонаш огоҳанд, ки то кадом андоза дар таронаҳои ӯ қиссаи ошиқу маъшуқеро ёфтан мумкин аст.

Ҳамчунин, Суруш Холов аз камтарин сарояндагони мост, ки дар оҳангҳояш элементҳои миллӣ, садои асбобҳои миллӣ ва умуман нақш аз тоҷик буданро мегузорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *