Канзи шифо: 6 маҳсулоти муфид дар зимистон
Дар фасли зимистон организми инсон назар ба дигар фаслҳои сол ба витаминҳо ниёз пайдо мекунад. Мо ба шумо 6 маҳсулоти аз витамин бойро тавия медиҳем, ки дар зимистон муфиданд.
1. Карами хобонидашуда. Он ҳатто аз карами тару тоза солимтар ва аз витаминҳои В, С ва бактерияҳои кислотаи лактикӣ бой аст.
2. Мураббои смородина. Бо ёрии он шумо организмро бо витаминҳои B, C, E, D, P, K бой мегардонед. Он иммунитетро ба таври комил беҳтар мекунад, ба организм дар мубориза бо вирусҳои гуногун кумак мерасонад.
3. Меваҳои ситрусӣ (лимон, афлесун ва грейпфрут). Миқдори зиёди кислотаи аскорбин, витаминҳои A, B, PP, магний, калий, оҳан, фосфор, натрий, калсий доранд.
4. Шовул ва исфаноҷ (шпинат). Ҳатто дар ҳолати яхкардашуда онҳо муфиданд. Илова бар ҳамаи витаминҳо онҳо дорои мис, руҳ ва марганес мебошанд.
5. Қаламфури булғорӣ. Рагҳои хунро мустаҳкам мекунад, гардиши хуни мағзи сарро ба эътидол меорад, рушди атеросклерозро пешгирӣ мекунад.
6. Пиёзи кабуд. Иммуномодулятори муфидтарин дар байни маҳсулот дар фасли зимистон аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ