Аз таҳти дил бихандед!
Модари ту мезанад
Писарча аз падараш мепурсад:
– Дада, шуморо ягон маротиба модаратон задааст?
Падар мегӯяд:
– Не, писарам, фақат модари ту задааст!
Бибии дарозумр
Зане дар автобус бо набераи 5-солааш меравад. Писарча бо садои баланд мепурсад:
– Бибӣ, шумо чандсола ҳастед?
Зан аз савол гурехтанӣ мешавад.
Кӯдак боз мепурсад:
– Бибиҷон, ақаллан рақами якумашро гӯед.
– Зан мегӯяд:
– Панҷ.
Кӯдак боз мегӯяд:
– Рақами дуюмаш чӣ?
Зан:
– Чор.
Кӯдак ин дафъа мегӯяд:
– Рақами сеюмаш чанд?
Сангпушт
Сарвари тарабхонаи бонуфузе ба сангпуштҳои дохили ҳавличаи тарабхона ишора карда, ба як меҳмон бо ифтихор мегӯяд:
– Фахру обрӯи тарабхонаи мо сангпуштҳоянд.
Меҳмон оромона мегӯяд:
– Ҳа медонам, дирӯз яктояш ба ман хизматрасонӣ карда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ