Канзи шифо: Ботулизм. Роҳҳои сироят ва табобат

Ботулизм (аз юнонӣ botulus — ҳасиб) аз ҷумлаи бемориҳои вазнин буда, заҳролудии шадиди сироятӣ аз хӯрок аст. Ботулизм дар натиҷаи аз таъсири ботулотоксин осеб ёфтани мағзи дарозрӯя ва ҳароммағз падид меояд.

Сироят

Манбаи асосии ботулизм консерваҳои хонагӣ арзёбӣ мешавад. Вақте инсон чунин маҳсулотро истеъмол мекунад, сироят меёбад. Аз ин нигоҳ, набояд роҳ дод, ки ба дохили консерваҳои дар шароити хона ё умуман нодуруст тайёршуда ҳаво (оксиген) ворид шавад. Ҳавои воридшуда барангезандаи ботулизмро «бедор» мекунад ва он меваю сабзавоту дигар ғизоҳоро заҳролуд месозад. Дар хонаводаҳои мардуми мо дар бонкаҳо помидору бодиринг ва ҳар гуна сабзавоту меваҳои дигарро ба истилоҳ консерв мекунанд. Тарзи омода кардани чунин хӯришҳо махсус аст ва на ҳама аз он огаҳӣ доранд. Аввал бонкаҳо дар ҳарорати баланд (то 140 дараҷа) бояд безарар (стирилизация) карда шаванд. Маҳсулотро ҳатман бо оби тоза шустан лозим аст. Маҳкам кардани сарпӯши бонкаҳо низ хеле муҳим мебошад. Агар сарпӯши бонкаҳо дуруст маҳкам карда нашавад, имкони ба дохили бонка ва хӯриши он даромадани ҳаво бештар мегардад. Вақте ҳаво даромад, барангензандаи беморӣ маҳсулотро заҳролуд месозад.

Чӣ бояд кард?

Аввалин қоидае, ки соҳибхоназанон ҳангоми тайёр кардани хӯришҳо ба он бояд қатъӣ риоя кунанд, ин аз хоку лой тоза кардани меваю сабзавот аст. Агар дар танаи мева ва ё сабзавот каме хок боқӣ монаду онро дар бонкаҳо маҳкам кунанд, имкони пайдо шудани барагезандаи ботулизм зиёд мегардад. Шарти дигаре, ки риояи он хеле муҳим аст, хӯришҳоро сернамак кардан ва дуруст маҳкам кардани сарпӯши бонкаҳост. Бисёриҳо маҳсулоти заҳролудшударо аз маҳсулоти тоза фарқ карда наметавонанд.

Нишонаҳо

Нишонаи аввал тира шудани оби бонкаҳост. Агар бубинед, ки оби бонкаи помидору бодиринг ва ё хӯриши дигари тайёркардаи шумо тира шудааст, донед, ки он заҳролуд аст ва истеъмоли он мумкин нест. Нишонаи дигари сироятёбии маҳсулоти консервҳо дамида варам кардани сарпӯши онҳост. Ин аломати он аст, ки маҳсулоти дохили чунин бонкаҳо комилан аз барангезандаи ботулизм заҳролуд шудаанд ва истифодаи онҳо қатъиян манъ аст.

Роҳҳои табобат

Ин беморӣ агар сари вақт муайян шавад, табобатшаванда аст. Агар шумо дар организми худ нишонаҳои ин бемориро ҳис кунед, зуд ба духтур муроҷиат намоед. То омадани духтурон метавонед дар аввал меъдаи худро бо оби оддии ҷӯшонидашуда тоза намоед. Баъд бо маҳлули содаи дуфоиза меъдаро шӯед. Ба шахси сироятёфта ҳатман оби бисёр нӯшондан, агар нафасгирӣ душвор гардад, зуд нафаси сунъӣ додан зарур аст. Ҳама маҳсулоти консервшудаи хона ва боқимондаи ҳасибу дигар ғизоҳоро аз санҷиши лабораторӣ гузаронидан муҳим аст, то барангезандаи ботулизм муайян шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *