Аз таҳти дил бихандед!
Истодагарӣ
Омӯзгор аз Аҳмадҷон мепурсад:
– Замин чӣ гуна шакл дорад?
Аҳмадҷон мегӯяд:
– Даврашакл.
Омӯзгор:
– Инро чӣ гуна исбот мекунӣ?
Аҳмад дар ҷавоб:
– Бигзор чоркунҷашакл бошад, ман истодагарӣ намекунам.
Қарздор
Аз марде мепурсанд:
– Шумо наметарсед, ки аз коронавирус вафот мекунед?
Мард дар посух мегӯяд:
– Ман аз бонк қарздор ҳастам, онҳо маро мурдан намемонанд.
Ронанда
Аз марде мепурсанд:
– Шумо чикора ҳастед?
Мард мегӯяд:
– Ман ба одамон барои ёфтани ҷои худ дар зиндагӣ кумак мерасонам.
Боз мепурсанд:
– Пас, шумо равоншинос ҳастед?
Мард мегӯяд:
– Ман ронандаи таксӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ