толенома

Толеъномаи 23-юми июли соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Ҳамал

Дар ин рӯз бо сафсатагӯӣ машғул нашавед, хусусан дар ҳузури наздикон. Атрофиён шуморо хеле хуб мешиносанду мақсадатонро мефаҳманд, аз ин лиҳоз, гапҳои беҳударо як тараф гузошта, бо кор машғул шавед. Дар ин рӯз чӣ гуна амалӣ шудани идеяву пешниҳодҳои худро дар амал санҷиданӣ мешавед. Агар ба маслиҳати аъзои оилаатон диққат диҳед, хароҷоти худро то охири сол ба нақша гирифта метавонед.

Савр (21 апрел-22 май)

Савр

Дар ин рӯз саврҳо метавонанд корҳои худро дар хона ба анҷом расонанд, дар натиҷа ҳам фоида мебинанду ҳам пули хуб ба даст меоранд. Аз муноқишаву нофаҳмӣ бо ҳамсафари ҳаётиятон худдорӣ намоед. Дар ҷойи кор уҳдадориҳоятон меафзояд, зеро ёрдамчиёнатон каму муаллимонатон зиёд мегарданд. Бегоҳирӯзӣ истироҳат кунед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Ҷавзо

Сафарҳои корӣ ва истироҳати берун аз шаҳр нерӯятонро дучанду хастагиҳоятонро рафъ месозад. Маълумотеро, ки аз шабакаи интернет ба даст меоред, дурустияшро як бори дигар санҷиданатон лозим меояд. Кӯшиш намоед, ки нисфирӯзӣ ба берун набароед, вагарна нотоб шуданатон имконпазир аст.

Саратон (22 июн-22 июл)

Саратон

Дар ин рӯз ба доми муҳаббат афтодану ба нобарориҳо дучор шуданатон имкон дорад. Бо устувориву матонат метавонед ҳаёти шахсӣ ва касбу коратонро ба эътидол оред. Баъзе саратонҳо бо мақсади раҳоӣ ёфтан аз бепулӣ аз пайи пайдо намудани манбаи нави даромад мешаванд. Кӯшиш намоед дар ин рӯз касеро ба коре гунаҳкор насозед.

Асад (23 июл-23 август)

Асад

Асадҳоро лозим меояд, ки ба садои қалби худ гӯш андохта, аз пайи кор шаванд. Агар кори мекардаатон табъи дилатон бошад, ба бисёр чизҳо ноил мегардед. Пулро сарфакорона харҷ намуда, аз бозору мағозаравӣ худдорӣ намоед. Бегоҳирӯзӣ асадҳо муҳаббати аввалаашонро вомехӯранд.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

Сумбула

Агар ба ғайбату бадгӯиҳои атрофиён гӯш наандозед, корҳоятон хуб ҷараён мегиранд. Аксари орзуҳоятон ғайричашмдошти шумо ба зудӣ ҷомаи амал мепӯшанд. Барои хубтар сохтани вазъи молиявӣ бояд хуб меҳнат карда, нақшаи корҳоятонро тарҳрезӣ намоед. Сумбулаҳои тоҷир ҳамкорони наву дилпурро пайдо карданашон лозим аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Мизон

Барои он ки мизонҳо нақшаҳои худро дар амал татбиқ намоянд, бояд на танҳо кӯшиш, балки фантазияи худро ба кор бурда тавонанд. Ба ақидаи атрофиён гӯш доданатон лозим нест, зеро нуқтаи назари худатон беҳтар аст. Дар ҳаёти шахсиятон навигарӣ рух медиҳад. Бо шахси аҷибе шинос мешавед ё ёри пештараатонро вомехӯред.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ақраб

Ба ақрабҳо тавсия дода мешавад, ки ҳангоми интихоби туҳфа ба шахси дӯстдоштаатон саховатманд бошед. Камбудиҳои хурдеро, ки дар ҷойи кор сар мезананд, сарфи назар накунед. Ақрабҳои оиладор аз тағйироти ғайринақшавӣ худдорӣ карданашон беҳтар аст. Хӯрдагирӣ ва танқид кардани шахси дӯстдоштаатон боиси вайрон гаштани муносибатҳоятон мегардад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Қавс

Дар ин рӯз аз нафарони калонсолтару ботаҷрибатар ибрат гирифтанатон лозим аст. Нақшаҳои бо нафари кордон тартибдодашуда шуморо бе ягон монеа пешсаф мегардонад. Дар вақташ хӯрок хӯрдану истироҳат карданро фаромӯш накунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ҷаддӣ

Сафар ба роҳи дурро беҳтараш ба таъхир гузоред. Дар ин рӯз ба макру дасиса гирифтор шуданатон имкон дорад. Агар дӯстдошта дошта бошед, ба нафароне, ки кӯшиши бо шумо шинос шуданро мекунанд, ҷавоби рад диҳед. Дар ҳама кор фикру ақидаи дигаронро ба инобат гиред, он гоҳ ба иштибоҳ роҳ намедиҳед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Далв

Далвҳоро дар ҷодаи муҳаббат дилхунукӣ ва муноқиша бо аҳли оила интизор аст. Агар қаҳру ғазаби худро нигоҳ дошта тавонед, аз ин нобарориҳо эмин мемонед. Маблағҳои пулиро бодиққат ҳисобу китоб кунед, он гоҳ кисаатон холӣ намемонад. Бегоҳӣ дар оилаи яке аз дӯстонатон фарзанд таваллуд мешавад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Ҳут

Дар ин рӯз бо корҳои хона машғул шаведу агар имкон дошта бошед, истироҳат кунед. Серкории аз ҳад зиёд ба саломатиятон беасар намемонад. Зимни гуфтор хеле боэҳтиёт бошед, аз танқиду эродгирӣ худдорӣ намоед. Бо айби шумо байни шумову дӯстдоштаатон нофаҳмӣ рух медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *