Сон ба Арабистон намеравад

Дар ҳоли ҳозир дастаҳои футболи Арабистони Саудӣ ба футболбозони машҳуре, ки дар дастаҳои аврупоӣ бозӣ мекунанд, ҳавасандӣ доранд. Вале ин ҳавасманди гоҳ амалӣ мешавад, гоҳ не.

Дар миёни футболбозони маъруф, ки ба дастаҳои Арабистони Саудӣ даъват шудаанд, ҳамлагари бошгоҳи “Тоттенхэм” Сон Хин Мин низ буд, ки ӯ пешниҳодро рад кард.

Гуфта мешавад, ки футболбози кореягӣ Сон Хин Мин аз 100 миллион еврои арабҳо рӯй гардонида, лаззати бозӣ дар Аврупоро авлотар донистааст.

Ин бозингар ният дорад дар солҳои наздик дар бошгоҳи лондонӣ ба майдон барояд ва корҳои бузургро анҷом диҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *