Дар Душанбе шуъбаи Донишгоҳи пизишкии Эрон таъсис меёбад

Қарор аст, ки дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон шуъбае аз Донишгоҳи пизишкии Шаҳид Биҳиштии Эрон таъсис ёбад.

— Мудири ҳамкориҳои байналмилали Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ Муҳаммадҳусейни Некном дар ҷаласаи муштараки вазири беҳдошти Эрон бо вазири тандурустии Тоҷикистон қайд кард, ки ба зудӣ бахше аз Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштӣ дар Тоҷикистон таъсис меёбад,- иттилоъ додааст хабаргузории “Садо ва Симо”.

“Мо муассисаи омӯзишии байналмилалӣ ба номи «Муътамид» дорем, ки омӯзиши мудирони низомии саломатро бар уҳда дорад ва дар сурати ниёз, мудирони саломати Тоҷикистон метавонанд аз зарфиятҳои ин муассиса истифода кунанд”,- афзуд вай.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *