Ҷоннисории Нисори афғон барои тоҷикон. Охирин суҳбат бо Сафарбеки Солеҳ

19-уми июл аз даргузашти Сафарбеки Солеҳ (15.09.1959-19.07.2021), коргардон ва филмноманависи маъруфи тоҷик 2 сол гузашт. Банда 8-уми майи соли 2021 баъд аз нахустнамоиши мустанади “Нисор” дар Хонаи синамои шаҳри Душанбе бо ӯ суҳбате доштам, ки то ба имрӯз нашр нашудааст. Ба хотири гиромидошти руҳи Сафарбеки Солеҳ ин мусоҳибаро пешкаши хонандагон мекунам.

— Пеш аз ҳама, нахустнамоиши мустанади “Нисор”-ро ба шумо табрик мегӯям. Дар ин филм як давраи бисёр ҳассосу муҳим ва аз тарафи дигар сиёҳи таърихи миллати мо бозтоб ёфтааст. Филми шумо таърихи беш аз сад сол пеш, бахусус талошҳои бедареғи фарзандони миллати тоҷик ва ҳам шахсиятҳоеро мисли Нисор Муҳаммад, ки афғон ё паштун аст, барои таъсиси кишваре ба номи Тоҷикистон инъикос кардааст. Аслан ангезаи рӯ овардани шумо ба ин мавзуъ чӣ буд?

— Сипосгузорам. Аслан таърихи даврони шуравии мо ё ба истилоҳ омадани болшевизм ба минтақаи мо, бахусус ба сарзамини мо то ҳоло комил таҳқиқ нашудааст ва мардуми мо, агар ба таври умум бигӯем, аз он даврон тасаввуроти хеле кам ва маҳдуд доранд. Бар асоси таърихи сохтае, ки дар китобҳои замони шуравӣ мехондем, русҳо қаҳрамон буданд, омаданд, моро озод намуданд ва кишварҳои моро рӯ ба рифоҳу рушд карданд. Гӯё ҳама баробарҳуқуқ шуданд, зиндагӣ хубу олӣ шуд ва тамом! Гӯё ҳеҷ таърихи дигаре вуҷуд надорад.

Ман дар ин замина чанд сол таҳқиқ кардам. Агар дар ёд дошта бошед, филми қаблии ман дар бораи Комил Ёрматов буд. Комил Ёрматов ба истилоҳ аввалин шахсе буд, ки ба сурати ҳирфаӣ дар минтақа ба синамо машғул шуд. Ӯ бунёдгузори синамои тоҷик ва ӯзбек аст. Пеш аз ҳама, ӯ як муборизи болшевик, як коммунист ва раиси пулиси як минтақаи бузург дар шимоли Тоҷикистон буд. Пеш аз он ӯ муддате дар ситоди гурӯҳи беш аз 4000-нафарии ба истилоҳ асирони турк кор мекард. Ин асиронро ба хотири наздикии забонашон бо бархе аз қавму миллатҳои минтақа аз Русия ба Бухоро оварда буданд. Онҳо хеле фаъол шуданд ва ҳаракати пантуркистӣ дар Осиёи Миёна авҷ гирифт. Нуктаи ҷолиби таърихи он давра ин аст, ки ба таври умум аксари тоҷикони шаҳрнишин ақидаҳои пантуркистиро пазируфтанд ва ба дунболи идеяҳои пантуркистӣ рафтанд. Онҳо мегуфтанд, чӣ фарқе дорад, мо миллати мусалмонем, аммо турк ҳастем. Инҳо масоили бисёр ҳассос буданд. Агар пофишории Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Нисор Муҳаммад, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Абдуқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов ва чанд тани дигар намебуд, мо имрӯз давлати мустақиле ба номи Тоҷикистон надоштем. Ин афрод бо сароҳат эълом карданд, ки “не, мо тоҷикем”.

— Ба назари шумо, хидмати аслии Нисор Муҳаммад барои миллати мо, барои таъсиси кишваре ба номи Тоҷикистон чӣ ҳаст?

— Нисор Муҳаммад як инсони бисёр фарҳехтаву донишманд ва забондон буд ва дар муддати хеле кӯтоҳ забони русиро омӯхт. Ӯ ёздаҳ забонро медонист. Донандаи хуби забону адабиёти форсӣ — тоҷикӣ буд. Бале, дар ёддоштҳояш навиштааст, ки ӯ пахтун, афғон аз Зидде дар водии Сувот ҳаст, ки имрӯза дар қаламрави Покистон воқеъ мебошад. Аммо ба назари ман, ӯ бамаротиб беҳтар аз худи тоҷикҳо забону адабиёти онҳоро медонист. Дигар ин ки як инсони фозил ва тарафдори хеле ҷиддии баробарӣ ва адолати иҷтимоӣ буд. Баробарии ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва идеяҳои коммунистӣ ва сусиёлистӣ барояш хеле муҳим буданд. Ӯ бар ин бовар буд, ки ҳама инсонҳо ҳақ доранд ба тамоми неъматҳои моддӣ ва маънавӣ дастрасӣ дошта бошанд ва дар ин роҳ талошҳои зиёде кард. Хеле муҳим аст бидонем, ки ҳадафи ӯ чӣ буд. Вақте ки дар соли 1924 аввалин дорулмуаллимин дар Тошканд ифтитоҳ шуд, нахустин мудираш Нисор Муҳаммад буд. Соли 1923, вақте ки ҳанӯз Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон таъсис наёфта буд, ӯ ду китоб таҳия кард. Яке аз онҳо “Рӯнамои ҳисоб” ва дигараш “Ҳикоёту қиссаҳои Шуғнон (Помир)” ном доштанд. Ин китобҳоро дар Тошканд чоп кард. Дар он солҳо тақрибан ҳеҷ дастуру китоби тоҷикӣ дастрас набуд. Талошаш бар ин буд, ки аввалин донишгоҳҳо ва макотиб таъсис шавад. Муҳимтарин коре, ки Нисор Муҳаммад якҷо бо устод Садриддин Айнӣ ва Шириншоҳ Шоҳтемур кард, роҳандозии рӯзномаи “Овози тоҷик” буд.

— Сафарбек, дар филми шумо меҳваре вуҷуд дорад, ки ба Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон марбут аст. Яъне қаҳрамони шумо мустақим ва ғайримустақим бо ин се кишвар иртибот дорад. Дар робита ба ин нукта мехоҳам бипурсам, ки пардохтан ба ин мавзуъ дар филми шумо ба хотири муштаракоти забонию фарҳангии мо сурат гирифта ва ё ҷараёни ҳаводис ва корномаи Нисор Муҳаммад тақозо мекард, ки шумо ба ин масоил бипардозед?

— Хуб, аслан дар филм ин гуна нест, аммо ҳама ин суолро матраҳ мекунанд, ки чаро ҳаводиси филм ба Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон иртибот дорад? Ин мавзуъ бархоста аз маводи филм аст. Нисор Муҳаммад яке аз қаҳрамонҳои ҷанги сеюми афғон-инглис буда, ба Амонуллохон, Амири Афғонистон (28.02.1919 — 9.06.1926) ва подшоҳи ин кишвар (9.06.1926 — 14.01.1929) робитаи хеле наздик дошт ва як нишони ба истилоҳ “Ҳамияти Афғонистон”-ро соҳиб шуда буд. Ӯ ба минтақаи мо бо ҳувияти афғонӣ омад. Ӯ аввал вориди Тошканд шуд. Он замон марокизе, ки барои Тоҷикистон сохтанд ва ҳукумате, ки таъсис карданд, ҳама дар Тошканд воқеъ буданд. Соли 1920 ӯро ҳамроҳи Серго Орҷоникидзе, яке аз наздиктарин афроди Сталин, бо як барномаи махсуси “Коминтерн” ба Эрон фиристоданд. Он вақт шӯрише дар Рашти Эрон, дар шимоли ин кишвар бо номи “Ҳаракати ҷангалиҳо” барпо шуда буд ва болшевикҳои он замон бо дастури мустақими Тротский мехостанд як кудето дар Эрон роҳ андозанд, то низоми ин кишвар ҳам шуравию сусиёлистӣ шавад. Талошҳои зиёд карданд ва як теъдод аз киштиҳои он замонро, ки артиши сафеди русҳо, яъне артиши Русияи тизорӣ бурда буд, баргардониданд ва як гурӯҳи коршиносон ва низомиёнашонро ба Эрон фиристоданд. Онҳо ба раҳбари ҳаракати ҷангалӣ Мирзо Кучикхон пайвастанд ва ҳатто рӯзномаҳое бо номҳои “Кова” ва “Эрони шуравии сусиёлистӣ” таъсис доданд. Дар ҳайати гурӯҳе, ки ба барои фаъолият ба Эрон эъзом шуд, озариҳо ва гурҷиҳо ҳам буданд. Нисор Муҳаммад тақрибан чаҳор моҳ ҳамроҳи Серго Орҷоникидзе дар Эрон буд. Онҳо бо Мирзо Кучикхон суҳбатҳо доштанд ва барномаҳои инқилобии онҳоро баррасӣ мекарданд. Аммо вақте ки бо шоҳи Эрон мувофиқа шуд, неруҳои русӣ баргаштанд ва аз таърих медонем, ки ҳаракати ҷангалиҳо ҳам шикаст хӯрд. Аслан ҳадафи Ленин ва тарафдорони ӯ ин буд, ки инқилоби онҳо бояд агар тамоми дунё не, ҳадди ақал нисфи ҷаҳонро фаро бигирад. Онҳо барномаҳое барои Эрон ва Туркия доштанд, ки хеле ҷолиб аст. Вақте ки Анвар дар Туркия подшоҳ шуд, ба ӯ кумакҳои хеле зиёд, аз тиллою лавозимоти низомӣ гирифта то тиру туфанг фиристоданд. Барномаи хубе барои Амонуллохон доштанд ва ба ӯ низ ин гуна кумакҳоро расониданд. Ҳайате аз Ҳинд омад ва Ленину ҳамфикронаш мехостанд ба онҳо ҳам кумак кунанд. Яъне ба ин васила мехостанд инқилоб дар кишварҳои дигар ҳам иттифоқ биуфтад ва мегуфтанд, ки Бухоро ин шуруъи кор аст ва дарвозаест барои вуруд ба Шарқ ва сусиёлистӣ сохтани тамоми машриқзамин.

— Филми шумо бештар бар пояи хотираҳои пайвандон, бозмондагон, фарзандону наваҳову натиҷаву надида (набераю абераю чевара)-ҳои Нисор Муҳаммад сурат мегирад. Албатта, чанд тан аз зиёиёни тоҷик ҳам, ки дар Маскав кору зиндагӣ мекунанд, мисли Давлат Худоназаров ва Темур Пулодов дар мустанад ҳузур доранд. Шумо барои ин филм панҷ сол заҳмат кашидед. Хусусан вазъияти ду соли охир, ки ҷаҳон бо мушкили вируси куруно рӯ ба рӯ буд, рӯи нақшаву барномаҳои шумо ҳам бетаъсир набудааст. Ва шумо ночор бештар дар оршивҳои Маскав кор кардед. Дуруст аст?

— Бале. Бо таассуф бояд бигӯям, ки вируси куруно барномаи филмбардории моро дар соли 2020 ба ҳам зад. Бо дӯстоне дар Пешовари Покистон дар иртибот будем ва ҳатто бо гурӯҳҳои филмбардорӣ низ мувофиқа ҳосил шуда буд. Тибқи иттилое, ки мо дорем, яке аз нава (набера)-ҳои Нисор Муҳаммад ҳанӯз зинда аст. Номи ӯ Мақбул Аҳмад аст ва тақрибан 65 сол дорад. Мутаассифона, натавонистем ба он ҷо биравем, зеро ба далели маҳдудиятҳои ҳамагирии куруно бисёре аз кишварҳо марзҳояшонро бастанд. Ҳамчунин мехостем қисматҳои марбут ба Рашти Эронро дар ҳудуди ин кишвар филмбардорӣ кунем. Бо дӯстони эронӣ мувофиқа шуда буд ва онҳо омодаи ҳамкорӣ буданд. Ҳатто ба Бухорою Самарқанд низ натавонистем сафар бикунем. Албатта, бо ҳамкории дӯстоне, ки дар ин шаҳрҳо доштем, ҳар он чӣ, ки мехостем, бароямон филмбардорӣ карданд ва фиристоданд. Мо ночор тамоми консепсиюни сохти филмро тағйир додем. Набераҳои Нисор Муҳаммад дар Маскав баъзе хотиротеро, ки аз модарҳояшон шунида буданд, ба мо қисса карданд.

Дар мавриди таърихи сад сол қабли миллати мо, фикр мекунам кам касоне монанди Давлат Худоназаров ворид ҳастанд. Эшон хеле бо мо ҳамкорӣ карданд ва суҳбатҳояшон олӣ буд. Темур Пулодов, нависандаи тоҷики бухороӣ, ки чанд сол дабири Иттиҳодияи нависандагони Иттиҳоди Шуравӣ буд ва дар Маскав зиндагӣ мекунад, бо мо ҳамкорӣ кард. Бо таассуф бояд бигӯям, ки филми мо хеле маҳдуд шуд, аммо ба ҳар ҳол он чӣ, ки мехостем, фикр мекунам ҳамон ҳарфро тавонистем бизанем.

— Дубора мехоҳам аз шумо суоли қаблиро бипурсам, ки мушаххасан дар Маскав ба кадом оршивҳо сар задед ва чӣ маводи боарзише дар ҷараёни таҳқиқу пажуҳиши худ ба даст овардед?  

— Аслан бештар таваҷҷуҳи мо ба оршиви хусусии Нисор Муҳаммад буд ва хушбахтона онро пайдо кардем. Ҳудуди як моҳ фақат дастнависҳои Нисор Муҳаммадро мехондам. Ӯ яке аз беҳтарин гирдоварандагони фолклор ё осори шифоҳии мардум буд. Барои дарси забони пашту ва урду дар донишгоҳи шарқшиносии Маскав дастур таҳия карда будааст. Нусхаҳои аслии дастнависҳои ӯро пайдо кардем, ки кори хеле боарзише буд. Нисор Муҳаммад чанд паёму номае ба духтари бузургаш Иро ва номаҳое ба хонумаш навиштааст. Як силсила номаҳои расмӣ ҳам буд. Азбаски эшон ду дафъа вазири маорифи Тоҷикистон буд, маводи хеле ҷолиб аз ӯ боқӣ монда. Ният доштем ин дастнависҳоро бо худ биёварем, аммо муваффақ нашудем. Албатта кори хубе мешуд, агар онҳоро ба Тоҷикистон меовардем ва дар осорхонае нигоҳ медоштем.

— Ба назарам, ҳадафи шумо бештар тавассути корномаи Нисор Муҳаммад бозтоб додани ҳаводиси даврае ҳаст, ки барои мардуми мо сарнавиштсоз буд. Албатта, чеҳраи аслӣ ва марказӣ дар мустанади шумо Нисор Муҳаммад аст ва дар атрофаш номҳое мечарханд, ки нақши онҳо барои рушди матбуот, мактабу маориф ва давлатдории тоҷикон камтар аз Нисор Муҳаммад нест. Дуруст аст?

— Бале, ҳамин тавр аст. Ҳамеша ба дӯстонам ба такрор мегуфтам, ки Нисор воқеан ҳам нисор шуд ва садҳо нафари дигар ҳам мисли ӯ ҷонашонро барои мо нисор карданд. Достони Нисор Муҳаммад баҳонае буд, ки аз он азизон ҳам ёд кунем. Чеҳраҳое ки воқеан зери гарду ғубори таърих мондаанд ва касе аз онҳо ном намебарад. Вақте ки панҷ сол қабл дар шаҳри Душанбе ба таҳқиқи зиндагиномаи Нисор Муҳаммад шуруъ кардам, таърихшиносон аслан намефаҳмиданд, ки ба хотири чӣ ин корро мекунам. Аслан исми ӯ ҳам ба Нисор Мухаммедов тағйир карда буд. Дар хеле аз оршивҳо муҳри сиррӣ будани маводи марбут ба ӯ ҳамчунон эътибор дошт. Мо хеле фарзандони сарсупурда ва қаҳрамон доштем, аммо афсӯс, ки мардуми мо фаромӯшхотир аст. Намедонам чаро, аммо ҳар чӣ, ки аз пеши чашмонамон дур шуд, зуд онро фаромӯш мекунем.

Ин филм баҳонае буд, ки аз Саидризо Ализода ва Вадуди Маҳмудӣ ёд кунем.

— Аслан чаро Нисор Муҳаммад барои фаъолиятҳои сиёсӣ ва маорифпарваронаи худ Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистонро интихоб кард? Медонем, ки вай тавассути Афғонистон аввал ба Тошканд сафар карда буд.

— Соли 1920 ҳанӯз ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна марзбандӣ нашуда буданд ва аслан кишваре бо номи Тоҷикистон вуҷуд надошт. Дар Тошканд Донишгоҳи Осиёи Миёна ва як донишгоҳи низомӣ вуҷуд дошт ва Нисор Муҳаммад дар он ҷо дарс мегуфт. Он ҷо шахсе ба номи Архангелский, ба истилоҳ таърихшиносу донишманди рус буд, ки аз замони ҳузури Русияи тизорӣ дар Осиёи Миёна, дар Тошканд кор мекард. Ӯ дар Ҳинду Чин ҳам кор карда ва мудири бахши маорифи Ҷумҳурии Мухтори Туркистон буд. Архангелский барои миллатҳое, ки дар минтақа расман вуҷуд доштанд, китобҳои дарсӣ таҳия мекард. Рӯзе Шириншоҳ Шоҳтемур ба назди ӯ рафт ва гуфт, ки мехоҳам ба ман китобҳои дарсии тоҷикӣ бидиҳед, чун ба Тоҷикистон, ба Помир меравам. Архангелский пурсид, ки китобҳои дарсиро барои кӣ мехоҳед? Шириншоҳ гуфт, барои тоҷикон, мо тоҷик ҳастем. Архангелский бо тааҷҷуб гуфт, ки дар рӯйхати мо миллате бо номи тоҷик вуҷуд надорад. Дар ҳақиқат, чун рӯйхатро диданд, дар он ҷо туркманҳо, қазоқҳо, қирғизҳо ва ӯзбекҳо буданд, аммо аз тоҷик хабаре набуд. Ин суҳбатҳои солҳои 1922 ва 1923 аст. Архангелский ба Шириншоҳ гуфт, агар китоб мехоҳед, бишинед, худатон таҳия кунед. Шириншоҳ гуфт, ин кор аз дасти худи ман сохта нест, чунки масъулияти давлатӣ дорам ва бояд пеш аз ҳама вазоифи аслии худамро иҷро кунам. Аммо барои анҷоми ин кор ҳатман нафаре пайдо хоҳам кард. Архангелский мегӯяд, тақрибан баъд аз ду–се ҳафта Шириншоҳ омад ва ҳамроҳаш як марди қоматбаланд ҳам буд. Ӯ дар васат ва дар як тарафаш Шоҳтемур ва дар паҳлуи дигараш Алексей Дяков меистоданд, ки аз пизишкони хеле машҳур ва шарқшиноси хуб буд. Ӯ ба тоҷикӣ нағз суҳбат мекард, ба хати форсӣ менавишт ва яке аз донандагони фарҳангу забони тоҷикӣ буд. Албатта, Архангелский Шириншоҳ ва Дяковро мешинохт. Ба Архангелский гуфтанд, ки марди қадбаланд Нисор Муҳаммад аст ва ӯ мудири бахши тоҷикӣ хоҳад шуд ва ин корро аз ӯ беҳтар каси дигаре анҷом нахоҳад дод. Нисор Муҳаммадро ба кумиссиюни маорифи Ҷумҳурии Худмухтори Туркистон муаррифӣ карданд. Ӯ корро оғоз кард ва дар ҳамон ҷо бо Саидризо Ализода ошно шуд. Кумиссиюне барои эрониҳо ва афғонҳо таъсис дода буданд. Саидризо Ализода дар ин кумиссиюн кор мекард. Дӯстию ҳамкории онҳо аз ҳамон вақт шуруъ шуд.

— Баъд аз вуруди Русияи подшоҳӣ ба Осиёи Миёна дар нимаи дуюми қарни 19, бисёре аз афроде, ки бахусус аз Русияи подшоҳӣ ба минтақаи мо меомаданд, ба истилоҳ “дар либоси дӯст кори душман мекарданд”. Онҳо бештар ба унвони аккос ё пажуҳишгар меомаданд, вале аслан корашон ҷосусӣ барои идораҳои зинафъи Русияи подшоҳӣ буд. Барои шумо суолбарангез набуд, ки чӣ тавр як паштун ё афғон ба Осиёи Миёна омада, дар ин ҷо барои фаъолиятҳи сиёсию иҷтимоии худ ҷойи по боз мекунад? Оё дар ҳеҷ ҷо ишорае нашуда, ки ба истилоҳ ӯ ҳам “зери кафш гил дошт”?

— Ҷавоби ин суол мушаххас буд. НКВД он замон бо баҳонаи иртикоби ҳамин гуна “ҷурмҳо” афродро зиндонӣ мекард. Аслан шахсонеро, ки ҳатто як забони хориҷиро намедонистанд, ҷосус мехонданд. Нисор Муҳаммад, ки ин қадар забон медонист ва ба истилоҳ аз Ҳинди таҳти султаи Бритониё тавассути Афғонистон ба Осиёи Миёна омада буд, албатта зери заррабини хадамоти махсуси он замон қарор дошт. Дигар ин ки, аслан низомҳои диктотурӣ ба ҳама машкук ҳастанд ва ба ҳама бо назари шубҳа менигаранд. Намедонам, дидед ё не, санади тақрибан соли 1925-и хадамоти махсуси он замон ОГПУ-ро, ки дар “Фейсбук” чоп шуд, ман хондам. Бар асоси гузоришҳое, ки ба истилоҳ ҷосусҳои ин созмон дар мавриди Нисор Муҳаммад, устод Айнӣ ва Абдураҳим Ҳоҷибоев доданд, ҳамаи ин афрод “душман ва миллатгаро” муаррифӣ шудаанд. Илова ба ин пурсиши шумо, вақте ки аввалин филми сохтаам — “Жакон”-ро дар Маскав филмбардорӣ мекардем, аз Иосиф Брагинский ҳамин суоли шуморо пурсидам. Яъне ӯ чи гуна ба Тоҷикистон омада, таҳқиқот анҷом дода, хати форсӣ балад буда ва дастнависҳои бостониро мехонда? Ӯ гуфт, бубин азизам, ман як низомӣ будам, дар хадамоти махсус фаъолият мекардам, кори ман ҷанг буд, аммо дидам, ки дар канораш чизҳои ҷолибтар аз ин ҳаст ва рафтам дунболи корҳои таҳқиқотӣ, аммо кори аслиамро ҳам то вақте имкону фурсат доштам, анҷом медодам. Ҳамин суолро аз Ричард Фрай пурсидам. Ӯ гуфт, бубин, ман ин суҳбатҳоро ҳамроҳи Бобоҷон Ғафуров дар Ҳинд кардам. Гуфтам, ту барои КГБ кор мекунӣ, ман барои СIA, чӣ фарқ дорад. Албатта, хадамоти махсус кӯшиш мекунанд аз ҳар имконе ки ҳаст, истифода бубаранд ва иттилоот ҷамъоварӣ бикунанд.

— Дар бораи шароити ба қатл расидани Нисор Муҳаммад иттилои дақиқе ҳаст?

— Соли 1937 як бадбахтӣ, як фоҷиа ба сари тамоми мардум омад. Нисор Муҳаммад дар Донишкадаи шарқшиносии Маскав буд ва хонуму духтари кӯчакаш ба истироҳатгоҳе ба берун аз Маскав рафта буданд. Духтари бузургаш ва духтари дигару писараш ҳамроҳи ӯ дар Маскав қарор доштанд. Аз хотироти ҳамон духтари бузургаш, ин тавр ба назар мерасад, ки дар як рӯзи таътил нафаре ба хонаи онҳо омада, падарашро даъват мекунад ва мегӯяд, ки бояд ба маҳали кораш биравад. Духтараш мегӯяд, “вақте ӯро мебурданд, дидам, ки падарам нигоҳе ба сӯи мо кард ва фаҳмидам, ки бо мо худоҳофизӣ мекунад”. Баъд шабона хонаашонро бозрасӣ карданд, ҳамаи навиштаҳо, китобҳо ва авроқу дафтарҳои ӯро бо худ бурданд.

Дар моҳи октябри соли 1937, дар вақти бозҷӯӣ, он гуна, ки ба ман гуфтанд, муфаттиш Нисор Муҳаммадро дашном додааст. Ӯ аз куҷо медонад, ки барои мардуми мо ин кор аслан ғайри қобили қабул аст? Дар Русия фаҳшу дашном як кори маъмулӣ аст. Барои Нисор ҳам таҳаммули тавҳину дашноми бозрас зоҳиран хеле сахт расида, ки аз ҷо бархоста ва бозрасро зада. Бозрас пеш аз уфтодан ба замин тугмаеро, ки дар болои миз буда, пахш мекунад. Муҳофизон омада, Нисорро бо шиллики гулӯла ба қатл мерасонанд. Яъне гӯё ба сурати тасодуф ӯро мекушанд. Аммо ин имкон вуҷуд дошта, ки ӯ аз боздошт раҳо шавад, зеро хонумаш Анна Китсас бо ҳамсари ҳамонвақтаи раиси НКВД Ежов дар як идора кор мекардаанд ва бо ҳам робитаи хубе доштаанд. Ба хонаводаи Нисор Муҳаммад нагуфтанд, ки ӯ кушта шуда. Пайкари ӯро оташ зада, хокистарашро дар як гӯри дастаҷамъӣ дар оромистони Дони Маскав мегузоранд. Хонаводааш гумон дошта, ки ӯ ҳанӯз зинда аст, дунболи ӯ буданд ва суроғи ӯро мепурсиданд.

Он солҳо аслан ҳар касеро, ки ба қатл мерасонданд, аъзои хонаводаашро зиндонӣ мекарданд ва ё ҳадди ақал ба муддати даҳ сол ба Сибир, ба урдугоҳҳои кори иҷборӣ мефиристоданд. Аммо бо кумаки хонуми Ежов, фарзандони Нисор Муҳаммад ва ҳамсари ӯро ба урдугоҳҳои кори иҷборӣ нафиристоданд ва онҳо аз хонае, ки пештар дар он ҷо зиндагӣ мекарданд, ба хонаи дигаре дар минтақаи Арбати Маскав кӯч бастанд. Духтари бузургаш дар Маскав монд ва ду фарзанди дигараш — духтараш ва писарашро ба Фарғона, ба назди хонуми аввалаш фиристоданд. Яъне хонуми дувумаш ҳамроҳи духтараш ва духтари бузурги Нисор Муҳаммад аз ҳамсари якуми ӯ дар Маскав боқӣ монданд.

Соли 1957, баъд аз гузашти бист сол аз қатли Нисор Муҳаммад ӯ сафед шуд.

 — Бале, ҳама аснодаш ҳаст, ки иштибоҳӣ ӯ кушта шуда. Номае расмӣ ба хонаводааш ирсол карданд, ки Нисор Муҳаммад ҳеҷ гуноҳе надошта ва аз зумраи афродест, ки дар соли 1937 бегуноҳ кушта шудаанд.

— Сафарбек, ба унвони суоли охир, шумо ҳамчун коргардон ва нависандаи филмнома, аз китоби зиндагии Нисор Муҳаммад чӣ сабақе гирифтед?

— Суоли бисёр душвор аст. Ба хотири ин ки як мушкил дар зиндагӣ, дар таърих, дар фарҳанг ва дар ҳувияти мардуми мо монда; тарс, ноумедӣ ва нарасидан ба қадри аҳли илм, фарҳанг, маориф, таърих ва қадр накардани ҳамдигар. Масалан, шумо тасаввур кунед, барои он ки устод Айнӣ ғазали “Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме”-и устод Рӯдакиро дар “Намунаи адабиёти тоҷик” оварда буд, ҳамин “ҷурм”-и ӯро баҳона карда, омода буданд Садриддин Айниро нобуд кунанд. Агар устод Лоҳутӣ намебуд ва пеши роҳи онҳоро намегирифт, имкон дошт ин амали зишт анҷом бигирад. Ман ҳарчи зиёдтар омӯхтам, ба ин натиҷа расидам, ки таърихи мо сар то по фоҷеа аст ва бадбахтона ҳамааш ба дасти худи мост.

Бо таассуф бояд бигӯям, ки ҳамон ҳувияти волои миллатсозиву ваҳдати воқеиро ман шахсан то имрӯз чандон эҳсос накардам. Ҳатто аз лиҳози фикрӣ ва ҳувияти миллӣ мо дар минтақа хеле парокандаем ва мутаассифона парокандатар мешавем. Фикр мекунам, ки филми “Нисор” як навъ ҳушдор аст. Мо бояд андеша кунем, мулоҳиза намоем ва як барномаи дуруст барои ояндаи миллати худамон дошта бошем. Вагарна, чи хеле ки пештар гуфтам, дар баробари хатар ба забони модарии мо, ҳамин гуна хатар ба мавҷудияти қавми мо ва миллати мо ҳам таҳдид мекунад.

Мусоҳиб: Суҳроби ЗИЁ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *