загс

Ангуштарии никоҳ. Чаро онро дар ангушти чорум мегузаронанд?

Ангуштро дар лаҳҷаҳои тоҷикӣ чиллик, лелак ҳам мегӯянд. Дар ҳар забони дунё ангуштони дастони инсон номҳои худро доранд. Инро дар мисоли номи ангуштон ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ дида мебароем:

1. Большой палец — нарангушт, ангушти калон.

2. Указательный палец — ангушти ишорат, ангушти ишоратӣ, ангушти саббоба, ангушти шаҳодат.

3. Средный палец — ангушти миёна (миёналелак).

4. Безымянный палец — ангушти беном, ангушти чорум, ангушти бинсир.

5. Мизинец — ангушти хурд, ангушти хинсир.

Агар касе ангушти шашум дошта бошад, онро ангушти зиёдатӣ ва ё ангушти зоид мегӯянд.

Чаро ангуштарии никоҳиро ба ангушти чорум мегузоранд? Ин чӣ рамзу маъно дорад? Барои инро аниқ кардан, як ривояти чинӣ мадад мерасонад. Тибқи ин устура кафи ду дастатонро ба ҳам сахт ҷафс мекунед, ки ҳар ангушти ду даст рӯ ба рӯи ҳамдигар қарор гиранд. Ба оҳистагӣ ангуштони калон — нарагуштҳоро аз ҳам дар ҳолати фишор додан дур кунед. Ангуштони калон аз ҳам ҷудо мешаванд. Тибқи устура ангуштони калон ва ё нарангуштҳо рамзи падару модар ҳастанд. Ин маънои онро дорад, ки рӯзе аз онҳо ҷудо мегардӣ.

Баъди ин ангуштони ишоратӣ, ангуштони шаҳодатро аз ҳамдигар дур кунед. Ин ду ангушт ҳам дар ҳолати фишор додани ду кафи даст аз ҳамдигар ҷудо мешаванд. Дар асотири чинӣ ангуштони ишоратӣ рамзи хоҳарон ва додарон ҳастанд, ки онҳо ҳам рӯзе аз ту дур мегарданд ва ба дунболи корҳои худ мераванд.

Баъдан ангуштони хурдро дар ҳолати фишор додани дастҳо аз ҳам дур кунед. Инҳо ҳам ба осонӣ аз ҳамдигар дур мешаванд. Ангушти хурд рамзи фарзандон аст, ки рӯзе онҳо ҳам аз назди падару модар дур мешаванд.

Ангуштони чорум бошанд, дар ҳамин ҳолат чӣ қадар кӯшиш кунед, аз ҳам ҷудо намешаванд. Ин рамзи ҳамсари шумо аст, яъне рамзи ҳамрадифи зиндагӣ. Ангушти чорум байни ангушти миёна ва ангушти хурд қарор дорад, яъне байни шумо ва фарзандонатон. Ангушти миёна бошад, рамзи худи шумост, яъне он худатон ҳастед.

Тибқи ин асотири чинӣ ангуштарии никоҳӣ, ки рамзи аҳди ҳамсарист, бояд дар ангушти чорум қарор гирад.

Дар байни сокинони Мисри Қадим чунин андеша роиҷ буд, ки ангушти чорум ва ё худ ангушти беном бо дил пайваст аст. Ангуштарии никоҳиро дар ангушти беном барои ҳамин мегузоштанд, ки он ба дил пайванд мегашт.

И. РАҲИМОВ, фарҳангшинос

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *